Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

эркагиву бачагист? Шумо дилпур бошед, ин ҷо шахсе ҳаст, ки маро панду насиҳат медиҳад. Гоҳо падарвор ғамхорӣ менамояду гоҳе дигар аз рӯйи вазифа сахтгирӣ ҳам мекунад. Ӯ командири ман капитан Пашенко аст. Вай зодаи хоки Украина. Мегӯяд, ки зану ду фарзанд дорад. Лекин... чандест, ки аз оилааш дараке нест. Мо маслиҳат кардем, ки вақте ҷанг тамом мешавад, аввал ба хутори ӯ, сонӣ ҳамроҳи аҳли байташ ба диёри мо меравем.

Модарҷон, рости гап, дилам ба вай месӯзад. Аз рӯйи баъзе маълумотҳо, ҷойҳое, ки оилаи командири ман қарор дорад, аз тарафи фашистон бомбаборон гардидааст...»

Ташвиши ман зиёдтар шуда буд: акнун ман ғами аҳли байти командири Абдулаҳадро ҳам мехӯрдам. «Худо кунад, ки бечораҳо сиҳату саломат бошанд. Илоҳо, ҳеҷ касро ноумед нагардонӣ»,— пайваста ниёиш мекардам ман.

Вақте ба номи Абдулаҳад хоҳараш нома менавишт, Нозук-чӯгӣ ба дасти ӯ занҷираи нуқрагине дода гуфт:

— Ҷон духтарам, илоҳо, барака ёбӣ, ба акоят навис, ки аз номи Арбобҷонам ҳам мактуб нависад. Рости гап, писараки ман чандон хату саводи қазои ҳам надорад.

— Охир, холаҷон, ҷойи хизмати Арбобҷони шуморо акоям аз куҷо медонад?

— Чӣ хел намедонад? Охир, писари ман ҳам дар фронт-ку. Вай ҳам аз фронт хат навишта буд. Он номаро, ки бо забони русӣ буд, чанд рӯз ягон урусидон наёфтам, ки хонда диҳад. Охир, урусия мардҳо хуб медонанд.

Рӯзе аз бозор молу амволи ба фурӯш нарафтаамро бардошта меомадам, ки аз пешам ҷавонзани ҳилъати сафедпӯше баромад.

— Нозук-хола, як фол намекушоӣ, — хоҳиш кард ӯ.

Ҳавсалаи фолкушоӣ ку? Худам хати бачама хонда натавониста, кафам мегӯму... Ман аз роҳам наистодам.

— Биё, холаи чӯгӣ, ноз накун. Бе музд фол намебинӣ-ку.

пешина
аз 208
навбатӣ