Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Пешгӯии раиси колхоз рост баромад. Ҷӯгиён ба колхоз воқеан ёрии амалӣ мерасониданд. Баъд аз кори саҳро сабаду бурё мебофтанд, корсону коса метарошиданд... Бозоре, ки вақтҳои охир камодам шуда буд, андак-андак гарм шудан гирифт: қиргизони гирду атроф ширу ҷурғот, маскаву кашк, намаду гилем, аргамчину чилбур меоварданду дар бозгашт молҳои қосибӣ мебурданд.

Нозук-ҷӯгӣ ду духтару ду писар дошт. Духтари калонаш шавҳар кардаву нахустписараш ба фронт гурехта рафта буд. Худи Нозук тан мегирифт, ки ба ҷӯгиён на ҳар кас бовар мекунад. Чунки аксаран ин қавм зиндагии озоде доранд: имрӯз - ин ҷо, фардо - он ҷо. «Вале ба ҳар сурат, мо, ҷӯгиён, қадршиносему поси хотири нону намак мекунем. Ин макон моро ҳам Ватан аст, охир»,— мегуфт ӯ.

Назар ба гуфтаи Нозук-ҷӯгӣ, писараш Арбоб ном дошта, аз ҷабҳаи набард боре ба номи модараш мактуб ҳам фиристода будааст. «Арбоби ман соҳиби хату савод шудас. Аз чӣ бошад, зувони худамоя фаромӯш кардасе. Урусӣ навиштас баҷаи бечораам. Ба як медсестра кошқудони хушбофте дода, хати баҷаи фронтовикама хонондам. Хонааш пури бача шавад, Арбобҷонам номи мана урусӣ карда, «мамочка» навиштас. Лекин ман ба хати солдатбаҷаам ҷавоб навишта натавонистам, чунки вай адреси худаша нанавиштас»,— оби дида мерехт Нозук. Вай тез-тез ёди Ҷомашӯй мекард. «Яке аз Арбобҷонам хат омада бошад...» — такрор мекард модари зор.

Рӯзе аз Абдулаҳад хат гирифтем. Он рӯз ман Нозуку духтару писарашро ҳам ба сари дастархон даъват кардам. Абдулаҳад менавишт: «Дар хоки Украина барои озод кардани сарзаминҳои аздастрафта меҷангем.» Падару модари азиз, шумо навиштаед, ки эркагиву бачагӣ накунам, ба номи Сӯх доғ набиёрам. Магар фронт ҷойи

93 Кашк — чаккаи хушк, курут.
94 Медсестра (русӣ) — хоҳари шафқат дар бемористон, ходими тиббӣ, парастора.
95 Фронтовик (русӣ) — аскарбача, ҷанговар.

пешина
аз 208
навбатӣ