Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
Яъне, решаи ин дард дар мағзи устухон аст, мегуфт. Вақте аммадухтарам гирифтори бемории гулафшон шуд, ман маслиҳат додам, ки ба Нозук муроҷиат кунад. Нозук-ҷӯгӣ табобати ӯро ба калла гирифт. Табиб нахуст аз ҳафт таркиб доруе сохт. Ҳозир ба хотирам намондааст, ба фикрам, аз қабили даҳани фаранг, хокаи зарфи асили чинӣ, кафки дарё, бутаи сарсабил ва чанд гулу гиёҳи хушкида, бо гуфти худаш, доруи «ҳафтгиёҳ» сохт. Дар ҷиллаи тобистон бо лаҳчаи ҳезуми зардолу сандалиро тасфонд. Беморро сару либоси гарм пӯшониду печонид: масхиву ҷома, рӯмоли тибитӣ, дастпӯшак. Ба тори сараш кафанворӣ гузошт ва таъкид кард, ки баъди кашондани дору чиҳиЛ рӯз аз ҷой начунбад, оби хунук нахӯрад.
— Ҳолат, хусусан, дар ҳафтаи аввал хеле вазнин мешавад. Гоҳ аз тасфи баланд месӯзию гоҳ дар обу арақи сард мегӯтӣ. Чунки ҳама дарду ранҷат аз мағзи устухон рӯйи пӯст мезанад ва тамоми баданат захмӣ мешавад. Ҳалқат хушк мешавад, гумонат, ки дарёро дам кашӣ. Вале ба даҳон оби хунук гирифтан, худро шамол додан баробари марг аст,— Нозук-ҷӯгӣ ба кафанворӣ ишорате намуд. Беморро ваҳм паҳш кард, вале иштиёқи аз мараз тамоман халос шудан боло гирифт магар, ки гуфт:
— Агар бо нархи ҷонам бошад, ки ба ҳама шарту шароит розӣ ҳастам. Доруро мекашам, охир, то кай шавҳарам аз ман мегурезад, хоҳарони шавҳарам аз нони пухтаам намехӯранд, ҳама аз дарди ман ҳазар мекунанд.
Табиб қаноатманд доруворро ба сархонаи чубук ҷой дод ва ба бемор фармуд, ки «Бисмиллоҳ» гӯяду ҳафт бор аз дуди талх ба дарун кашад.
Инак, аз миён сӣ сол мегузарад. Ҷисму ҷони аммадухтарам аз он дард, ки бисёриҳо бедаво медонанд, покиза халос шудааст.
Ҳар сол пас аз ғунучини ҳосил аҳли колхоз ҳиммат карда, ба фронт як миқдор маблағ ё пӯшоку хӯрокворӣ мефиристоданд. Раиси колхози Ровон Бобо Калонов пули як танкро пешкаш карда, обрӯйи сӯҳиёнро дар Фарғона бардошт. Дигарон ҳам чени ҳоли хеш ҳиммат нишон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё