Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
доданд. Миёни лӯлиён ҳиссаи Нозук-чӯгӣ аз ҳама зиёд буд: панҷоҳ кило меваи хушк, даҳ кило пашму як кило равғани маска!
Ниҳоят, ҷанг ҳам поён ёфт. Аскарони асову чигасдор як-як бармегаштанд. Лекин аз Абдулаҳади ман ҳеҷ дарак набуд. Охирин мактубаш қариб чор моҳ пеш омада буд. Диламро гургон тала мекарданд. Ҷойи шиштан намеёфтам. Ман дарду доғи Нозукро акнун амиқ дарк мекардам. Бо дили садпорааш ӯ дигар дилбардори ман шуда буд.
Дар ҳамон рӯзҳои вазнин ногаҳон касе дарвозаамонро тақ-тақ зада хабари баде расонд. Модарам дар сари роҳи калон, аз ҳавлии мо панҷоҳ-шаст қадам дуртар, ногаҳон аз пой афтода, беҳуш гардидааст... Ӯро ба хонаи худаш бурда, ба димогаш қаранфул дуд кардем. Як бор ба худ омаду бо имо маро ба наздаш наздиктар хонд ва бо овози паст канда-канда гуфт:
-
Пойи бемадорамро базӯ-ӯ-ӯр кашола карда... мегаштам... Умед доштам, ки... то омадани Абдулаҳад тоқат мекунам. Акнун маънои зиндагӣ гум шуд. Духтари сарсахту берӯзии очае... то кай доғи фарзанд мебинӣ? Шунидам, ки писари Муҳаммаднабӣ аз ҷанг баргаштааст. Ба дидорбинӣ рафтам. Уфф... Абдулаҳадҷона пурсидам. Э войе... Мегӯяд, чор моҳ пештар, дар арафаи ҷашни Ғалаба писари талбида гирифтаат шаҳид шуда будааст! Манаҳашро худам бастам, мегӯяд...
-
А?!
Сарам тоб хӯрду дунё дар назарам тор шуд. Яке ба рӯям об мепошиду дигаре такяам мебардошт. Аз чашмонам қатрае ашк намерехт. Карахт шуда будам. Маро бардошта ба хонаи дигар гузарониданд. Пайваста паси гӯшам монандӣ ғингоси занбӯр садое меомад. Яке ҳис кардам, ки ба вартаи бетаге сарозер рафтам...
Вақте ба худ омадам, ҷанозаи модарамро мебардоштанд...
- Бибиҷон...
- Ҷони бибӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё