Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
Шодмонии онҳоро дида, ман ҳам худро фарахманд меёбам, балки худро инсони комил мешуморам...»
Дубора ба акси марди чандапӯш хира шудам. Э, э, ин мард худи ҳунарпешаи машҳури Ҳолливуд Ричард Гир нест, ки ман ҳаводораш ҳастам? Бале, худи худаш! Магар ҳамин инсон набуд, ки ба ман саддолларии сабзранг дод? Беихтиёр даст ба ҷайби хеш андохтам. Ку саддолларии шараққосӣ? Ҳмм... Воқеан, фикрам парешон аст. Маро чӣ ҳолест, ки хобу бедориам ба ҳам печида? Дубора ба акси марди чандапӯш дидаи эътибор дӯхтам. Чашмонам фириб намедиҳанд. Бале, худаш. Валӣ шаву рав, Исо! Дар акс Ричард Гир рост ба чашмони ман менигарист ва боисрор мепурсид: «Фаразан, агар ту ба ҷойи ман мебудӣ, чӣ кор мекардӣ?» «Чӣ мекардам?» Хаёлан ба ин савол ҷавоб меҷустаму ҳамзамон аз тариқи Гугл саҳифаи таъбири хобро мекофтам. Ку, бубинем, дар «Комил-ут-таъбир» хоби банда чӣ таъбир шуда? Ниҳоят ёфтам. Инак, «Гадо шудан». Зери ин сарлавҳа омада: «Абулфазл Ҳубайши Тифлисӣ бино ба таъбироти Ибни Сирини раҳмаллоҳи алайҳ ва Ҷаъфари Содиқ разияллоҳу анҳу бинандаи чунин руъёро башорат медиҳад, ки кори бастааш кушодаву дари хайру баракату манфиат ва маишату иззу ҷоҳ барояш боз гардад.» Бовар кунед, шараққосзании доллари сабзранг ба гӯшам дақиқ расид. Ду кафи дастро ба ҳам соиш дода, аз ҷой хестам. Офарин, Исо! Офарини хоби дидаат, шери нар!!! Ин хоби дидаат бемаъно нахоҳад буд. Иншоаллоҳ, кори бастаат кушодаву дари хайру баракату манфиат ва маишату иззу ҷоҳ бароят боз хоҳад шуд. Ҳамон вақт мебинӣ, ки мурғобии пир чӣ ҳоли зоре дорад.
Ман лаппида-лаппида пушти дари манзили боҳашами хеш омадани холаи Ширмоҳиро тасаввур мекунаму ба худ симои басе ҷиддӣ мегирам.
Ассалому алайкум, Исоҷон. Бачам, хонаат гарму босафост. Садқат шавам, ҳеҷ не, панҷ сомонӣ хайр намекунӣ? Барои нон пул нест. Ду рӯз аст, ки як пиёла чойи гармро надидаам. Қарздор ки будем, нозирон барқи манзили моро қатъ карданд. Ҳар сари сол нафақаи мо -

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё