Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

бечораҳоро ягон ҳафта дертарак медиҳанд...», — овози хола абрешимвор маҳин аст.

«Чаро аз ман танҳо панҷ сомонӣ мепурсед, холаҷон? Магар ман некиҳои шуморо аз хотир мебарорам? Пули партови соли гузаштаро пардохта будед-а? Пули обро ҳам. Имсол ҳам аз ҳама пеш андозу пули обу барку газро дода, тинчу осоишта дар хонаи гарму рӯшан дами беғам занед, холаҷон! Гиред!» — ман аз киса як даста пулҳои шараққосии миллиро ба дасти кампирак медиҳам, ки бешубҳа, ҳар сомониаш дар бозори ҷаҳон қурби тиллои 999-ро дорад.

«Бачам, ин аз ҳад зиёд нест?» — мутаҳаййир мешавад ӯ.

«Нархи газу барқ сол то сол боло мехезад...»

«Барои гази набуда ҳам пули солона диҳам?»

«Қарздор карда монед, холаҷон, — ман дасти меҳрубонӣ ба китфи ҳамсояи нодори хеш мегузорам, — нияти нек-ними давлат, гуфтаанд. Аҷаб нест, ки канду ковҳои чандсолаи геологҳои мо натиҷае дода бошаду имсол мардуми азияткашидаи кишвар аз бӯйи таппак халос шаванд.»

«Гуфтагӣ барин, чанд сол пеш барои сохтмони Ниругоҳи барқии Роғун саҳмия харида будем...»

«Бале, ҳама харида будем. Ба рағми нотавонбинии ҳамсояҳо аҳолии кишвар аз рӯи ору нанг ба по хеста, назди микрофонҳои озод шитофта будем. Ёдатон ҳаст, ки суханронии маро аз тариқи оинаи нилгун такрор ба такрор нишон дода буданд? Ба ҳаммеҳанон муроҷиат карда будам:

Ҷавонмардон тунукмоя набошанд,
Бигир саҳмияе вақти карам шуд.
Дигар н-ояд дайи бешабчароғӣ,
Зи ҷӯши кори Роғун субҳдам шуд!»

«Ба ёдам ҳаст. Ман ҳам аз ҳисоби нафақаи бознишастагиам як саҳмияи дусадсомона харида будам. Аммо на сурати маро ба газет чоп карданду на дар телевизор нишонам доданд. Тую дигаронро ҳай нишон

пешина
аз 208
навбатӣ