Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
Чанд сол пеш Зокири Хоҷа бо кору бори хеш ба кишвари ҳамсоя рафта буд. Тасодуфан як ҳаммактабашро, ки он ҷо маскун аст, дар сари роҳ вохӯрд. Ӯ пеш аз ҳама боғи Кунҷоку номи як ҳампартаи хешро ба забон овард.
— Кунҷок обод аст? Фалониро мебинӣ? Зиндагиаш чӣ хел аст?
— Кунҷок обод шудааст. Фақат акнун бо номи боғи Кунҷок нею маҳаллаи Кунҷок маъруф гаштааст. Барои фарзандони маҳаллаи Кунҷок болотар аз он мавзеъ мактаби кори калон бунёд карданд.
Ҳамшаҳриаш як оҳи ҳасратомезе кашиду ин байтҳоро ба забон овард:
Набиштасанги Сӯх, ай сарнавиштам,
Канори Обишири ту биҳиштам.
Бимирам ман ба ёди боғи Кунҷок,
Ки дар хокаш муҳаббатдона киштам.
Ранги рӯйи ҳаммактаби собиқаш заъфаронӣ метофт. Бисёрҳо шуда буд, ки дигарон ба рӯзгору мартабаҳои илмии ӯ ҳавас мекарданд, вале ҳоло медид, ки ин фарди эҷодкор чӣ афтода ҳоле дорад.
— Аз матбуот хабар ёфтам, ки ҳокими нав барои ободии ноҳия камер бастааст. Чӣ касест ӯ?
— Ҳо, чолоку кордон ва созмондеҳ марде будааст. Бо ҳашару кумаки мардум лабу лунҷи шаҳристонро камтар ғундошт. Гӯиё ҳаёти мардуми кӯҳистонро андак маданӣ кард. Зану духтарони мо гули сари сабади маҳфилҳову давраҳои шодиву хурсанӣ шуданд, хм...- маълум буд, ки Зокир дар дил аламе дорад.
— Магар духтарон кушоду озода гарданд, маъқулатон нест?
— Озода бошанд, на бепарда.
— Ҳамон манбаъ навиштааст, ки дар яке аз деҳаҳои ин ноҳия пайкараи Султон Маҳмуди Ғазнавиро гузоштаанд. Боварам наомад.
— Чаро бовар намекунед? Гузоштанд. Дар деҳаи Ғазнов гузоштанду аз ин амалашон фахр ҳам мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё