Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

– Намефаҳмам, ба пайкараи ин султони ғаддор, ки душмани миллату «Шоҳнома»-и азимушшаън будааст, деҳаи тоҷикнишине дар Фарғона чӣ ниёз дошта бошад?

– Гурӯҳе пайдо шудаанд, ки худро аз авлодони Султон Маҳмуд мешумурдаанд.

– Аҷабо. Далелашон чӣ будааст?

– Аз рӯйи навиштаи баъзе «муҳаққиқон», тақрибан дар чоряки аввали асри бисти милодӣ бо чӣ сабабҳое, шояд ҳамчун гуреза аз таъқиботи ҳокимони давр ва ё дар ҷустуҷӯйи як лаб нон се-чор оилаи ниёзманд аз деҳоти гирду атрофи Хӯқанд ба деҳаи Қалъачаву Ғанови Сӯх омада муқим гардидаанд, ки сарвари яке аз он оилаҳо Каримҷобии қоғазгари Мӯйимуборакӣ будааст. Хуллас, аз авлоди чунин оилаҳои як замон муҳоҷиргардида даъвое бархестааст, ки аксари мардуми ин деҳот аслан турктабор буда, авлодони Султон Маҳмуданд ва номи деҳаи Ғазнов аз номи зодгоҳи Маҳмуд аст. Шояд ба ифтихори ҳамин афсонаи бофтаву сохта ҳайкали нангини ин шоҳи ғосибро, ки аслан аз Фарғона ҳазорҳо фарсанг дур, дар шаҳри Ғазнӣ ё Ғазна, андар ҳавзаи дарёи Ҳилманд ба дунё омадаву ҳукумат кардааст, ба Ғанови Сӯх гузоштаанд.

– Зиҳӣ ҳамоқат! - бо тамасхур гуфт он фарди бедордил.

– Бале, бемаънӣ аз ин зиёд намешавад. Ҳеҷ соҳибназаре ёрои гуфтан надорад, ки агар бобокалони он муддаиён, воқеан, ӯзбактабор бошад, чаро Қутлуғтуклик қоғазчи Каримбой Кичкина намегуфтаанд? Мантиқан, тоҷик будааст, ки бо ному насабу кунияти Каримҷобии қоғазгари Мӯйимуборакӣ маъруфият доштааст-дия. Ҳамту не?

– Мӯйимуборак... Мӯйимуборак...- зери лаб такрор кард ҳаммактабаш, - ба он «худогаҳон»-е, ки шаҷараи худу аҷдоди хешро дар асоси чунин «рисолаҳо» бофтаву сохтаанд, бо кадом забон бояд фаҳмонид, ки Ғанови водии Фарғона куҷову Ғазнии Афғонистон? Мардуми форсизабони шаҳристони Сӯҳро чӣ иртиботест ба набераи Алптегину писари Сабуктегини мугултабор, ки аслан

пешина
аз 208
навбатӣ