Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
гуломи зархариди Оли Сомон будаанд? Ва чаро Каримҷабойи қоғазгари Мӯйимуборакӣ, ки дар асри бисти милодӣ зиндагӣ кардааст, ҳатман бояд турктабор бошаду ба Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, ки даргузашташ даҳ аср муқаддам будааст, аз як реша бошад? Шумо дуруст мефармоед, оё маънои луғавӣ ва тарзи иборабандии ному насабу кунияти он мард худ нишони тоҷик будани ӯ нест? Магар нашунидаед, ки бо вуҷуди аз оғози ҳукумати Шӯравӣ то имрӯз бо забони ғайр таҳсил кардан дар гирду атрофи Хӯқанд ҳанӯз рустову деҳоти тоҷикнишин боқӣ мондаву забони модариашон ҳамчун забони хонаводагӣ дар истифода аст?
- Бале, дӯстам, вақте чашми дил кӯр шавад, суде аз биноии чашми сар набудааст...
Зокири Хоҷа ба ёд дорад, ки лаҳза ба лаҳза ранги рӯйи ҳамсуҳбаташ тағйир меёфт. Донист, ки ҳоли ӯ бад шудан дорад. Бинобар ин, аз шикоят лаб бубаст. Лаҳзае ҳар ду хомӯш буданд. Ва ниҳоят, он эҷодкор дубора ба мавзӯъ баргашт:
Туркон ба пеши мардон з-ин пеш дар Хуросон
Буданд хору оҷиз ҳамчун зани сарой.
Имрӯз шарм н-ояд озодазодагонро
Кардан ба пеши туркон пушт аз тамаъ дутой.
-
Манзилатон дар ҳамин қаря аст? - пурсида буд Зокир бо нияти дигар кардани мавзӯи суҳбат.
-
Бале, ҳар сол як-ду моҳ дар ҳамин макон манзил ихтиёр мекунем, - он соҳибдил бо табассуми дардолуд ба биное ишорат кард, ки дарвозааш чунин катиба дошт: «Клиникаи амрози қалб», - бинобар ин намехоҳам шуморо ба ин даргоҳ меҳмонӣ даъват кунам.
Зокири Хоҷа ба воқеият сарфаҳм рафт.
-
Чӣ хел табобат мекунанд? Ягон ёрӣ даркор нест?
-
Агар малолатон наояд, ин руқъаро ба фалонӣ расонед, - аз дафтарчааш варақеро канда дод бемор. Зокир беихтиёр ба навиштаҳо чашм давонид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё