Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
Аҷаб мардумеанд ин лӯлиён. Боре гурӯҳи ҷавонон аз назди бинои Идораи бозрасии автомобилӣ мегузаштем, яке баробар овоз баланд кардани тӯдаи калони одамон диққатамонро ҷалб кард.
-
Ваҳ, ҷӯгиён митинг мекунанд! — гуфт нафаре аз мо. Аз роҳ бозистодем.
-
Андрей, ини мо - якта!
-
Наҳо, миёни ҳамиқа бачаҳо ини мо ҷудо шуда монада, Андрей? Охир, ини мо...
-
Андрей, як марди кун, ини мо - якта!
Ҷавонмарди рус дастонашро шоф карда чизе мегуфт, аммо ҷӯгиён истодагӣ мекарданд.
- Андрей, мо аз ту, ҷӯра, як илтимос кардем-да. Гапа нагардон, охир, канса кансоф, мо ҳам одамем!
Ина бинед, ки дар баробари калонсолон кӯдакону наврасон низ ба Андрей гап гузаронданӣ мешуданд:
- Акаи Андрей, нағзӣ катӣ кора буд кун!
Ҳангоматалабон ҷамъ мешуданд. Андрей (мазмун, вай нозири роҳ буд, ки аз ронандагони оянда имтиҳон мегирифт) ба обу арақ ғӯтида, аз лӯлиён талаб мекард, ки садди роҳ нашаванд, вагарна оқибати кор хуб намешавад. Вале мардону занони якрав ва кӯдакони побарҳна парвои «оқибати кор»-ро надоштанд.
-
Мо дар давоми қариб ҳафтод соли Ҳокимияти Шӯравӣ овоз баланд накардем. Аз мо ягон одами номдор набаромад. Мана, акнун замона дигар шуд. Шиноснома ҳам гирифтем. Яъне, шаҳрванд шудем! Модом ки чунин аст, монед, ҳаққамоя талаб кунем!
-
Рост мегӯяд Сардор-муаллим!
-
Мо то кай ба тоҷикон гардан каҷ мекунем? Таи як сол мешавад, ки бо фалон пул мошини сабукрав харидаем! Аммо мошини як авлоди бузург аз набудани шофир занг зада хоб рафтааст. Ягон «права»-дорба илтимос кунем, ки бо мошини худҳомон ба ҷое бурда биёрад, ҳақ талаб мекунад. Ин гапи куҷо? Мошин ини худат, бензин ини худат, боз шофирба пул те будааст! - овози гулғулаафкани марди бузургҷуссае, ки Сардор-муаллимаш мегуфтанд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё