Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
пари рӯзгорашро базӯр ҷо додааст. Роҳ ноҳамвору тӯлонӣ будааст, бинобар ин, шабҳангом аз ароба гоҳ ин меафтидаасту гоҳ он. Бечораи лӯлимард сари ҳар чанд аспи мондаву лакоташро боздошта, афтодаҳоро боз ба ароба бор мекардааст. Аммо баъзан мешудааст, ки ягон кӯдаки ғанабрафтаи лӯлӣ аз ароба меғелидаасту волидайни хобзеркарда бехабар мемондаанд. Дар роҳ боз фарзандони нав таваллуд меӯфтаанд ва ҷойи гумшудагонро мегирифтаанд. Ҳамин тавр, оилаи ҷӯгӣ дар ҷустуҷӯйи кути лоямут ҷаҳон гашта, тухми худро саросари дунё паҳн кардааст.»
Субҳи барвақт аз ҷойгоҳ хестам. Дастору собун гирифта, ба сой фаромадам. Хуб шустушӯ кардам. Яке хоби шабдидаам ба ёдам зад. Бо тамоми ҷузъиёташ пеши назар овардам. Гӯиё ману Истам ривояти гузаштагонро ба ҳамдигар нақл кардаем. Тавба, хоб дидам, гуфтам? Наход, одамро дар хоб чунин возеҳбинӣ ва гуфтугӯ то ин андоза равшан сурат гирад? Аммо мешудааст. Вагарна кӣ ба ман дар ҳаққи ҷӯгиён ҳикоят кард? Ман боре шунида будам, ки Пушкин аксари шеърҳои беҳтаринашро дар хобаш эҷод мекардааст. Яъне, хоб медидаасту хотирааш, ки мустаҳкам будааст, баробари бедор шудан қалам ба даст мегирифтааст. Пас одам метавонистааст, ки дар як он чанд корро иҷро кунад: ҳам хоб рафта истироҳат кунад, ҳам ба касе мулоқот варзад, ба эҷод машғул бошад, гиреҳеро, ки рӯзона кушода натавониста буд, во созад. Аммо шахси дуюм-чӣ? Масалан, Истам имшаб бо ман дар мулоқот буд ё не? Ҳикояти мӯлтонии оворагардро ба хотир оварда метавонад? Ва ё ӯ он лаҳзаҳо тамоман чизи дигарро хоб медид? Ин тавр бошад, ин ҳикоят ба хоби ман аз куҷо даромад? Пас ин афсона аз куҷо? Ва ё ман онро дар хоб бофтам? Яъне, ман эҷодкорам? Ва шояд ин ҳикоятро ягон вақт аз касе шунида ва ё аз китобе хонда бошам. Боре ба ман як шарикдарсам гуфта буд, гоҳо воқеаҳоеро бо тамоми майдаву резааш ба хотир меорад, ки намедонад он ҳодисаро шоҳид будааст, дар кино дидааст ва ё аз асаре хондааст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё