Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
Марямбонуи Фарғонӣ
– Вой, кӯдаки бепадари оча-е! Чаро вай фикр накард, ки ин тифли маъюб дар ин дунёи дун чӣ тавр мезияд? – ту номи ӯро бо овози баланд гирифта, нола мекардию мегуфтӣ, – хайрият, чароғи бахти ману ту насӯхту барвақт ҷудо гаштем. Хайрият, чанд сол ҷудо будему дилсардиҳо шуд, вагарна имрӯз ман ба ин дард тоб оварда наметавонистам. Э вой, ҷигарам! Э войи тоҷи аз сар паридаам!!!
Водарегу вовайлогӯиҳои ту дарднок буд, албатта. Ба ҳолат дилам сӯхт ва гиристам.
Ту оё дар оилаи нават хушбахт будӣ? Ман наметавонистам ба ту чунин савол диҳам. Вале бо гузашти вақт посух ба пурсишҳои бесухани худ дарёфтам.
Миёни Сӯху Риштон мокувор дар рафтуо бурдӣ. Ман ҳаргиз намехостам аз модаркалони меҳрубону афсонагӯям ҷудо, азбари хоҳарбузурги камгапу мушфиқам дур бошам. Мехостам ҳар субҳ хуршед ба рӯям аз тирезаи хонае ханда занад, ки ман он ҷо чашм ба олами ҳастӣ кушодаам. Ку-куи мусичай бегуноҳу тутпухти шонасараки раҳинтизор дар шоҳсорони боғоти Сӯх навои беназири ҳамешабаҳорро мемонд. Акси садои Чилдухтарон аз кӯҳи Ровон маро ба дунёи асрорангез мебурд:
– Чилдухтарону-у-у! – садо мекардем мо, духтаракон.
– Ҳу-у-у! – ҷавоб медоданд ҳурони чилтан.
– Сабӯс барам, чургот32 медиҳе-е-д?
– Биёё-е-д!
– Бозам кучукакотон33 нагазанд!..
– Не-е-е...34 – посух медиҳанд.
Ва шояд ин гуна ҷавоб намедоданд, балки он чи мо мешунидем, акси садои ҳарфу нидоҳои мо аз кӯҳ
32 Чургот - мост.
33 Кучук - сагбача.
34 Аз фолклори Сӯх.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё