Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
бармегашт. Аммо он вақт ман сахт бовар мекардам, ки Чилдухтарон бо мо дар гуфтугӯянд. Ҳар чӣ пурсем, посух медиҳанд. Ҳанӯз ҳам мардуми шаҳристони Сӯх ба будани чил нафар ҳӯрони пок бовар доранд. Онҳоро Чилтани пок ҳам меноманд. Гоҳ-гоҳе аз назми осмонкафи онҳо, аз маросими арӯсбароне, ки онҳо ташкил мекунанд, овозаҳо пайдо мешаванд. Одатан, нимишабӣ Чилтани пок аз ҷониби мазори Хоҷамуаллими Сир баромада, пушт-пушти кӯҳи Ровон мавзеи Кунҷокро убур карда, бо ҳаёҳу, бо шӯру валвала, бо садои чангу чағона ва доираву рубоб ҷониби офтоббаро мераванд. Аҷаб, ки овози шодиву хурсандиро ҳама мешунаванд, сагҳои деҳа ак-ак мезананд, аммо касе кофиларо намебинад. Аз ин рӯ, ҳама бовар мекунанд, ки Чилтани пок арвоҳи Чилдухтаронанд, ки замоне аз нопокӣ гурехтаанд ва Эзад қуфли дари кӯҳи Ровонро бо калиди раҳму шафқат боз кард, то он ҳӯрони порсо абадан паноҳ ёбанд. Аммо он чил рӯҳи ноком ҳеҷ ором намегиранд, ҳанӯз дар орзуи шаби висол базми арӯсӣ барпо месозанд. Аз шунидани нидову садои шӯрангез набояд тарсид. Боистӣ чу мане, ки ҳама орзупарвару хаёлиам мехонанд, хомӯш ба кунҷе нишаст, ба нуқтаи ноаёне чашм дӯхт ва орзу шикаст. Манам, ки дар шабҳои ялдо баҳри худ насими навбаҳорони Сӯхро эҳдо мекунам, дар диёри дур аз ёрони хеш маҷлиси висол барпо мекунам. Дар миёни Чилтани пок суруди ғамангези «Ёвайло» мехонаму арғушти «ялло»35 меравам, пой мекубам, чарх мезанам, то ҷаҳон гирди сарам гардад, ҳамон сон ки айёми тифлӣ мо - духтаракон дар тақлиди садрравандагон ду дастро боло бардошта давр мегаштему давр ва ҳамзамон мехондем: «Об хӯрам, нағалтам, Сабӯс хӯрам, нағалтам...» ва оқибат аз по меуфтодем, замину замон поскуно-росткуно36 мешуд.
35 Ялло – як навъ рақси сӯфиёна, ки сӯфиён дар маросими азо имрӯз низ мӯйҳои бофтаро ғоз-ғоз кушода, бо сару пои бараҳна, бо пешонӣ ва миёни баста иҷро мекунанд.
36 Поскуно-росткуно – чапаву роста (вожгуна-ростгуна).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё