Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

шумрӯй!» гуфта ба осмон назар мекунад. Кӯдак ҳам ҳамон сӯй чашм меандозад. Осмон каб-кабуд, на пораи абреву на чангу ғуборе. Лекин аз чашмони шаҳлои модар ашк пашқатор мерезад. Духтарак оҳиста аз ҷой хеста, хона медарояд.

Модаркалонро рӯйи бистари поку тамиз хобонидаанд. Рӯйкаши ҷойхобаш барфсон чашмро мебарад, ҷилди болинаш ҳам. Рӯяшро каме ҷониби қибла гардонидаанд. Чашмони нимроғаш чизеро ифода намекунанд, вале лабони пурожангаш моили табассум. Ин ҳолати бемор барои духтарча ноошно менамояд.

Охир, чанд рӯзак пеш бибиҷонаш тамоман солим буд, бо пойи худ мегашт, ҳатто, ба инӯ он кор даст ҳам мезад. Ба саволҳои беохири Нордона ҷавоб медод. Баъзан ба чашмони наберааш бодиққат назар карда мепурсид:
— Донистани ин гапҳо ба ту чӣ лозим?
— Охир, донистан мехоҳам, ман аввали аввал дар куҷо будам?
— Дар куҷо мебудӣ? Ҳамту таваллуд нашуда будӣ.
— Охир, пеш аз таваллуд шудан-чӣ?
— Калон шавӣ, сонӣ мефаҳмӣ. Рав, бозӣ кун.
— Бибиҷон, барои чӣ рӯйи шумо пажмурдаву пурожанг аст?
— Чунки ман пир шудаам.
— Ман ҳам ҳамин тавр пир мешавам?
— Ҳо, илоҳо ба синну соли ман расӣ.
— Не-е, ман ба синни шумо расидан намехоҳам.
— Инчу нагӯ, аз даҳонат шамол барад! Илоҳо, умри дароз бинӣ.
— Охир, ман кампираки пажмурда шудан намехоҳам.
Мехоҳам, ки очаам барин хушрӯяк бошам.
— Оҷаат ҳам ягон рӯз ба пирӣ мерасад.
— Агар очаам пир шавад, шумо чӣ мешавед?
— Чӣ мешудам? Фано мешавам, бачам.
— Чӣ гуфтед? Фано мешавед?
— Ҳо. Яъне, маргам мерасад.
— Бибиҷон, марг чӣ хел мерасад? Вай аз куҷо меояд?

пешина
аз 208
навбатӣ