Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
намедорем. Баъзеҳо баробари аз дур намоён шудани сояи кампир аз дарун ба дарашон танба мегузоранд. Тасаввур кунед, ки сақичи ширинро хоида, чун пуфак дам кунонидан чӣ лаззате дорад! Ва ё қурути серравгану бомаззаи Бобои Раззоқро намегӯед! Дар ҳолате ки даҳонатон аз таъми хуши қурути намакин лаззат меёбад, аз куҷое ин кампири дастархондор расида ояду ба дастатон санбӯсаи алафии «машҳур»-ашро зӯран дода, маҷбур ҳам кунад, ки ҳамин ҳозир хӯрӣ. Ба шумо мефорад? Кош, санбӯсааш қимаи гӯшт дошта бошад...
Назар ба гуфтаи модари Зулфӣ, ақли ин кампир расо нест. Гӯиё вай ба қабристон ҳам санбӯсаҳои алафӣ мебурдааст. Шояд мурдаҳоро ҳам ба санбӯсахӯрӣ маҷбур мекарда бошад?
Ман синфи дуюмро хатм карда, ба синфи се гузаштаам. Аълохони синф ҳастам. Медонам, ки суҳбати кампирони ғайбаттӯро гӯш кардан хуб нест. Чӣ ҷойи пинҳон кардан, аз гапҳои модари Зулфӣ хушам меояд, чунки вай ҳам ба мисли мо - бачагон кампири Холидаро дӯст намедорад. Ман ҳайрони модарам ҳастам. Ҳар субҳ меравад корхонаву ҳар бегоҳ меояд хона. Албатта, ба тӯю сури маҳалла ҳам сар мезанад. Лекин ба бадгӯиҳою суҳбати ғайбатомези ҳамсоязанҳои лаби об ҳамроҳ намешавад. Мегӯяд, ки ба чунин рӯзкӯркуниҳо вақт надорад. Аммо ба суҳбати кампири Холида вақт меёбад-ку... Агар паси дарвоза тамба гузошта, бо ин кампири сабукмағз камтар чақ-чақ кунад, ба суҳбати занҳои маҳалла вақт меёфт. Мани бечора мурда-мурда аз кӯча гапи нав ёфта биёям, сарзанишам мекунад: «Гапкашӣ ба духтарбача зебанда нест!»
Инак, имрӯз низ очаам бо чеҳраи кушод «меҳмони азиз»-ро пешвоз гирифта, ба рӯйи кати чӯбин кӯрпачаи махмал андохт. Албатта, агар ҳозир моҳи шарифи Рамазон ҳукмфармо намебуд, модар дар чойнаки пахтагули чинӣ чойи кабуд дам мекарду ба таърифу тавсифи дастпухти холаи Холидааш мепардохт. Ва сар мешуд суҳбати гарм дар сари дастархони қуроқии пур аз санбӯса! Ҳар ду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё