Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

барнагаштааст. Мегӯянд, ки хо-о он ҷо хокҷойи фарзандони Холида-холаи муштипар аст. Модари сарсахт чил соли тамом ҳамарӯза ба хабаргирии мазори кӯдаконаш меомад. Барои ӯ дигар фаслҳои сол маънои худро гум карда буданд. Ҳар рӯз санбӯсаҳои алафӣ мепухту аввал ба қабристон меомад. Бо сиёҳчашмакони худаш дарди дил мекард. Аз он қурбоншудагони солҳои машъум узр мепурсид, ки чил баҳор пештар онҳоро бо «санбӯсаҳо»-и бечилду беравган фирефтааст.

Назар ба ҳарфҳои шайхи мазор, касе ба санбӯсаҳои ба сари қабрҳои фарзандон ҳамчун арвоҳошӣ гузоштаи модар даст нарасонад ҳам, пас аз рафтани кампир ғайб мезадаанд. Балки арвоҳи кӯдакон... Маънии ин розу ниёз танҳо ба он Зоти якто аён асту бас, албатта.

Барои Холида-хола ҷанги ҷаҳон ҳеҷ вақт ба поён нарасида буд, духтарам. «Дигар бачаҳо ҳам аз гушнагӣ нобуд нашаванд» гуфта, мудом санбӯсаҳои равғанини алафак мепухту ба оилаҳое, ки тифли хурдсол доранд, тақсим мекард. Эҳ-ҳе, кӯдаконе, ки аз маҳсули дастони кампири Холида насиба бардоштаанд, беҳисоб. Аз рӯйи гӯяи мардум, халтаи карбоси холаро фариштаҳо бо кабудӣ пур мекардаанд. Вагарна дар чор фасли сол алафҳои санбӯсабоб аз куҷо? Холаи мо ба ҳар ҳотае, ки сар зада бошад, бо дасти холӣ барнагаштааст. Ҳатто, аз таги барфҳои баланд ҳам гиёҳҳои хӯрданбоб меёфтааст.

Ҳамин хел гапҳо, духтаракам. Агар медонистам, ки санбӯсаҳои табаррукии кампирро худад нахӯрда, ба кӯдак медиҳӣ, аз қисмати талхи ин зани ғамгусор, ки аз модарам шунидаам, бароят барвақт қисса мекардам.


Аз миён чандин сол гузашт. Ҳамин ки баҳор мерасад, ба ёди санбӯсаҳои алафии кампири Холида меафтам. Навори хотираҳои хушу нохуш аз пеши дидагонам мегузаранд, ба чашмонам ашк медавад, ба ҳалқам чизи талхе меояду худро сарзаниш мекунам. Ва сурфаву тахта

пешина
аз 208
навбатӣ