Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

портфелаш китобҳои суратдорашро гирифта, тамошо кунам...) Бобоям аз рӯйи одат воқеаи хандаовареро нақл мекарданд магар, ки ҳама қоҳ-қоҳ задаанд. Аз хушҳолиаш маълум буд, ки бибиям бемор нест. Пас, маълум мегардад, ки падарандарам дурӯғ гуфтааст. Дурӯғ гуфтан чӣ зарурат дошт? Маро ҳамроҳ меоварданд, чӣ мешуд?

  • Тур! Кет! — ин овози янгаи хурдиам - Истинисо буд, ки аз тарафи ошхона меомад. Дар ҷоям шах шудам. Аз афти кор, вай маро, ки зери сояи дарахт қарор доштам, саг пиндошта, бо нидои «Тур! Кет!» рондан мехост. Ӯ ба замин ҳам шуда, тарзе вонамуд мекард, ки санг гирифтанист. Яке санге ба дасташ ояду ба фарқам занад... Аз тарс бо овози ларзон «Янга, ман - Мария...» гуфтам.

  • Талхам кафид... — ба чоки гиребонаш туф мекард янгаам.

Ман ҳар чи бодо бод гуфтаму дарро кушода ба дарун даромадам. Бобоям аз сухан лаб бастанд. Ҳама бо лабони нимвою нигоҳи ҳайратзада ба ман чашм медӯхтанд.

  • Амаки Мулло Ҷалол, хо-о, амаки Мулло Ҷалол!

Тагои хурдиам берун баромада, бо касе чанд даҳон радду бадал кард ва ба хона баргашта, аз нармаки гӯшам дошта, гуфт:

  • Милиса омадааст, ки ин дайдуро баста барад.

Сахт гиря кардам. Модаркалон аз ҷой хеста, маро аз дасти тагоям халос карда гирифт. Ман сар ба синаи ӯ гузошта, сахттар гиристам.

  • Нозири минтақавӣ омада буд. Аз рӯйи гуфташ, хешҳои риштониямон ташвиш кашида, ба акоям хабар додаанд. Гуфтам, ки кӯдак сиҳату саломат асту дар оғӯши гарми падару модараш.

  • Оғӯши гарми падару модараш! - бо тамасхур ба тую ҳамсарат нигоҳ партофтанд бобоям ва баъди лаҳзаи тавакқуф бо қаҳр гуфтанд: — Аввало, айби ин бетамиз! Модар гуфтани зоти шариф тифли хурдсоли худро ба

Тур, кет! (вожагони туркӣ) - нидое, ки тоҷикони Осиёи Миёна барои ронидани сагон медиҳанд.

пешина
аз 208
навбатӣ