Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
одамоне, ки ӯ бо онҳо унс нагирифта бошад, бовар карда партофта меояд магар?!
Модарҷон, ту лаб ҷуфт карда чизе гуфтанӣ шудӣ. Ҳамсарат бо нигоҳи маънодораш лабатро баст, аммо аз чашмони ту шарорае барҷаст, ки нишони инқилоби ботиниат буд. Ва сукути вазнин ба миён омад.
Бо ин ҳама галу гузор ман худро хушбахт эҳсос мекардам. Зеро дар хонае, ки хуни нофам рехтааст, дар оғӯши меҳри наздикони хеш будам.
Модарҷон, ман аз он рӯзе, ки худро андак-андак шинохтам, аз дарду доғҳои ту дарак ёфтам. Зарра-зарра, коҳ-коҳ дард эҳсос мекардам ва охируламр он кӯҳ-кӯҳ гардид. Модари ҷон, ба ёдат меояд, ки боре аз мактаб гирён омадам? Он вақт дар синфи ду мехондам. Аз ҳама хушхат будаму равону буро мехондам. Он рӯз сарвари мактаб дар дарси муаллимаи мо иштирок мекард. Муаллима асосан мо – чанд нафар пешқадамони синфро китоб хононд. Дар охир моро як-як ба раҳбари мактаб шиносонид. Навбат ки ба ман омад, лаб газид.
– Фарзанди кист ин духтараки доно? – мӯйҳои маро бо ангуштонаш шона зада пурсид мудир.
– Вай... падарасро намешиносам... Аз думи модараш омадагӣ, духтарандари...
Ман китобу дафтарҳоямро гирифтаму худро ба берун задам ва то хона гирякунон давидам.
Ёдат ҳаст, ки он рӯз ҳамдигарро оғӯш гирифта, хуб гириста будем? Ту мегуфтӣ:
– Онҳо аз куҷо донанд, ки ту духтари кӣ ҳастӣ? Падари ту муаллими илми олидор буд. Мисли ин муаллимчаҳо камандешаву ҷаласавод не, марди обрӯмандтарини Сӯх буд. Ҳафт пушташ эшон.43 Ин қабил одамҳоро
43 Эшонҳои Сӯх саидзода нестанд. Онҳо ба ин мартаба ҳамчун олимони дин расидаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё