Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз суҳбатҳои аммакалонам Лазоҳатхон ва аммаҷои Оминахонам низ аз ҳолати иҷтимоии гузаштагони падариам маълумот гирифтаам. Чунонки онҳо мегуфтанд, Бобои Эшонҷонам (номи аслиашон Муҳаммадназарбой) писари эшони Абдуназарбой, набераи эшони Соҳибназарбой, абераи эшони Муҳаммадназарбой, чабераи Ғоибназарбой - писари эшони Бадалбойи Беди каҷӣ... будаанд.

Модарбузурги падариам Бибимастура зани босавод ва аз илми фиқҳ дастболое будаанд. Он кас баъди ҳабси шавҳарашон (бобоям ба ҷурми бойбачагӣ ва пинҳон доштани тилло аз ҳукумат 20 сол ҳукм гирифта, муҳлати ҷазоро дар Сибир паси сар мекарданд, ки баъди 7 сол мувофиқи афв ба озодӣ баромаданд) мусодира шудани хонаву дар бо ду тифли ноболиғ ҳафт соли тамом дар як қазноки хурди беравзана бо хориву зорӣ зиста, дар бистуҳафтсолагӣ аз бемории диққинафас даргузаштаанд. Мувофиқи шунидам, бибӣ Мастураам шавҳари озодшудаашонро қабул накарда, гуфтаанд, ки никоҳи ҳардуи мо шарҳан бурида шудааст. Рӯй дидани мо дуруст нест. Бобоям 40 рӯзи тамом бо модари фарзандонашон аз паси дар гуфтугӯ кардаанд. Бобоям мегуфтаанд: «Ойим, чаро ба ман ҷабр мекунед?» Бибиам ҷавоб додаанд: «Ҷабр аз сари ману фарзандон гузаштааст.» Бобоям далел меовардаанд: «Ман шумоёнро бо ихтиёри худ бе маош монда нарафтаам, пас чаро ин ҳукми маҷбурӣ боиси афтодани талоқ байни мо мешудааст?» Бибиам мегуфтаанд: «Надонистан ё риоя накардани қонуни ҳукумат куфрро пинҳон намекунад. Шумо худ медонистед, ки дар ҳолати ошкор шудани тангаву тиллоҳоятон ҳатман ҳабс мешавед, аммо ҳарисиатон боиси ин ҳама хорию зории мо шуд.» «Пас, дубора никоҳ бандем намешавад магар?» - бо илтиҷо мегуфтаанд бобо Эшонҷонам. «Не, - ҷавоб додаанд бибиам, - вақтам қариб расидааст, бигзоред, ки никоҳи дуюм надида биравам. Ман шукр мекунам, ки бачаҳоро ҳанӯз дар зиндагиам ба дастатон супоридам. Паноҳатон ба Худо...»

пешина
аз 208
навбатӣ