Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Бобои Эшонҷонам дар маъракаи тиллоҷамъкунии Ҳукумати Шӯро ними сарват ва тамоми заминҳояшонро ихтиёран ба давлат супорида, қисме аз тиллову тангаашонро барои рӯзи мабодо нигоҳ доштаанд. Бо ёрии муриди падарашон Абдураҳмон, ки ба мисли бародарашон медонистаанд, тиллоҳоро пинҳон кардаанд. Аммо он шаб дили Абдураҳмонро кирми ҳасад хӯрдааст. Ба худ андешидааст, ки сарвати эшонзодаҳо ба додану хӯрдан тамому намешавад магар? Ва рӯзи дигар ба шаҳри Фарғона рафта, қазияи тиллопинҳонкунии додархондашро ба НКВД арз кардааст. Бо ҳамин бобоям 20 сол ҳукм гирифтаанд. Хидматҳои Абдураҳмонро ба ҳисоб гирифта, ӯро Сардори милисаи Сӯх таъйин кардаанд. Чекисти навбаромад рӯзи аввали корашро ба мусодира кардани хонаи Мулло Эшонҷонам ва назди издиҳом бесатр кардани кадбонуи хона - бибӣ Мастураам оғоз кардааст. Бибиам рӯяшонро бо ду даст пӯшида гуфтаанд: «Илоҳо, маҳав гардониаш!»

Мардуми Сӯх фарзандону наберагони он ноодамро «авлоди маҳови Абдураҳмон» ном мегиранд. Воқеан, Абдураҳмон баъди як соли мансабдор шуданаш ба касалии пӯст гирифтор шуда будааст. Мардум ӯро «дуои Бибимастураи пок гирифтагӣ» гуфта ҳазар мекарданд.


Падарандарам, бо гуфти бибиам, одам нашуд, ки нашуд. Рӯзе набуд, ки ба хона масти лояқил наояду модарамро зери лагаду мушт нагирад. Вақте ки ӯ дар кӯча бо доду ғирев пайдо мешуд, ҳатто, сагони дайду дум хода мекарданд. Назар ба нақли модаркалон, дар чунин як рӯз тағои Абдулаҳадам пеши бобоям масъаларо кундаланг гузоштаанд: «Ё духтаратонро аз Қудрат ҷудо мекунед, ё омода мешавед, ки рӯзе ба мисли ҷасади Муқаддамхон ба Сӯх мурдаи Анзуратро ҳам аз Риштон меоранд!» Бобоям бо сад истиҳола мегӯяд: «Охир, мардум чӣ мегӯяд... Дигар ин, ки аз он бадбахт ду фарзанд ҳам дорад.» Тағоям сари гапи хеш сахт меистанд: «Имрӯз аз гапи мардум истиҳола

пешина
аз 208
навбатӣ