Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
Марямбонуи Фарғонӣ
Ман борҳо рақси «Лайлаки қайроқбоз»-ро дар ҷашну сурҳои ҳамдиён дидаам. Солҳои кӯдакии мо ҷашн гирифтани Наврӯз ҳамчун иди миллӣ маннуъ бошад ҳам, онҳое, ки орзуву ҳавас доштанд, сури суннуатии писаронашонро маҳз дар рӯзҳои Наврӯз медоданд. Ва, албатта, дар чунин маъракаҳо бе пушт-пушт ҳунарварони оилавӣ бо сарварии амаки Соҳиб аз деҳаи Чашма ҳозир мешуданд. Садои кӯшнайи сардори ин дастаи ҳунарӣ ҳанӯз аз кӯча садо медод. Кӯдакон бо шодиву магал ба пешвози онҳо метохтанд. Мо аз ҳунари эшон олам-олам лаззат мебурдем. Нақши Лайлаки қайроқбозро писарбачаи навраси машқдида мебозид. Ӯ ҷомаи пароғдабеқасабу49 шалвори махмали сурх, тоқии чоргулай тӯсӣ,50 мӯзаи ҳироми сурх пӯшида, ба пойҳояш ду чӯбдасти як-яку нимгазиро мебаст ва ба ду каф дутой қайроқсанг51 гирифта, онҳоро дар ҳавои оҳанги рези нақора шараққос занонида, «пойҳо»-и чӯбинашро лаклаквор кушод-кушод гузошта мерақсид. Тифлаони шаш-ҳафтсола аз миёни пойҳои раққоси наврас тохта мегузаштанд. Одатан, падари ин бача сурнай мекашид, бародараш нақора менавохт. Дар чунин давраҳо лӯлиҳои хирсбозу чашмбанд, паҳлавонони сангбардору гӯштингир ҳам пасу пеш ба давра медаромаданд. Баъди онҳо дорбозҳо доди ҳунар медоданд. Ёдам меояд, ки модаркалон маро дар баракаш шинонда тарона мехонд:
Лайлак омадас дина Дар ҳавлии Одина.
Одина хамир кардас, Келинаш фатир кардас.
Бобош ба ҳезум рафтас, Аргамчина гум кардас.
Аргамчин дар боғи мо,
49 Номи матое, ки аз он барои кӯдакон ва бачамардон ҷома медӯзанд.
50 Тоқии тӯсӣ имрӯз бо номи “ҷустӣ” маъмул гардидааст. Мутаассифона, номи шаҳри Тӯси Фарғона дар айёми мо дар асоси забони кӯчиёни муқимишуда ба Чуст табдил дода шудааст.
51 Қайроқсанг – санги фасон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё