Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
аз ҷувории махсус оши кӯча (кӯчаош) мепазанд. Ин ошро «кашки ҷувори» ҳам мегӯянд.
Баъд аз тармими дош (оташдони бузург) деги калонҳаҷмро рӯйи он гузошта, аз шираи сабзаи гандум суманак мепазанд, ки ин маросим қариб дар ҳама ҷо якранг сурат мегирад. Сӯҳиён суманакро «Бибисуманак» мегӯянд, яъне, суманаки бибиён. Ва ин таомро бибиён бо пойи ботаҳорат мепазанд. Одатан, дар давоми даҳ-дувоздаҳ соат бибисуманак омода мешавад ва ба дастархони наврӯзӣ пешкаш мегардад. Барҳақ, бонувони тоҷик нигаҳдори урфу одат ва суннатҳои қадимианд!
Табиати кӯҳистони Сӯх нисбатан сард аст, аз ин рӯ, баҳману лолаву қоку барин гулҳои наврӯзӣ дертар мешукуфанд. Назар ба гуфти бобоям, аз қадим рӯзҳои Наврӯз дар мазори Ҳазрати Алӣ, Сойбозор, Ҳойити Сангин, Сари бозори куҳна ё Тамошоҷо базмҳои осмонкаф барпо мешудааст. (Дар баъзе деҳаҳои Сӯх - Тилу Қалъачаю Ғазнов маросими Чоршанбесур пеш аз ҷашни расм аст.) Аз рӯйи таомул, дар ин гуна сайргоҳҳо бо номи «Чаманбардорон» миёни ҷавонони соҳибҳунар мусобиқа мешудааст. Чаманбардорон ҷавонони гулгардоне будаанд, ки чаман (гулдастаи бузургҳаҷм)-и аз гулу гиёҳҳои баҳори гузашта хеле устокорона хушконида ё аз гулҳои суннӣи коғазӣ дастагули сохтаашонро аз паси мирбача (мири наврӯзӣ)-и савора, ки ҳам худаш ва ҳам аспи сафед ё гулрангаш лухтаквор оро дода шудааст, бардошта меомадаанд. Калонҳо - доварони давра чамани ҳар деҳаро баҳогузорӣ мекардаанд. Соҳибони гулдастаи зеботарин дар баробари гирифтани мукофотӣ махсус имтиёзи оғоз бахшидани базми наврӯзиро ба даст меовардаанд. Ғолибон то Наврӯзи оянда гули сари сабади ҷашну сурҳо ҳисоб меёфтаанд.
Дар базмҳои наврӯзӣ баробари мақомҳои халқӣ, ки «Чаҳормақом» ё «Мақоми Фарғона» низ гӯянд, сурудҳои «Шашмақом», катаашӯла, таронаҳои рақсии шӯх, ёвайлохонӣ, бозии «Лайлаки қайрокбоз» иҷро карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё