Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
ба маъракае, ба азохонае рафтан лозим бошад, дар таги каш бӯғчаи обу нони парҳезиву дорую дармонашро мегирифтам. Дар ягон ҷо ором намеистод, пайваста мегиристу аз чизе изҳори нороҳатӣ мекард, бинобар ин, ҳар ҷо, ки мерафтам, сарам нарасида, поям бармегашт. Пеши духтуру табиб, муллои азоимхону фолбину бахшӣ мебурдемаш, аммо бенатиҷа. Пӯсту устухон шуда буд, аммо чашму абрувони сиёҳу барроқаш аз ҳусни табиии ӯ дарак медод. Гуфтам, ки то панҷсолагӣ ба пой намеистоду забонаш буро буд. Оқибат роҳгардон ҳам шуд, тӯй додем. Аммо ҳамоно камиштиҳо, рангпаридаву лоғар буд, ҳар замон аз биниаш хун мерафт.
Ҳанӯз пеши назарам: ҷилди китобандозии акояшро сари китф овехта, ба мисли кашшофбачагон қадамзанон шеърҳоеро, ки аз апааш омӯхта буд, бо оҳанги тантанавӣ месуруд. Чун ба синни ҳафт қадам гузошт, кам-кам қувват гирифт. Сару тани нави мактабӣ омода кардаму барои китобу дафтарҳояш ҷилде аз пилтамаҳмали сиёҳ дӯхтам. Асбоби хонишашро низ харидам. Агар ба хона меҳмоне ояд, бачаякам «Алифбо»-яшро рӯйи сандалӣ гузошта, тарзе вонамуд мекард, ки банди китобхонӣ аст. Абрувонашро дарҳам кашида, гӯиё ба касе эътибор намедода бошад, ангушти ишоратӣ рӯйи калимаҳо гузошта, пичир-пичир китоб «мехонд». Ҳар рӯз мепурсид, ки баъди чанд вақт якуми сентябр мешавад?
Чун аз саломатии бачам қадре дилпур шуда будам, гоҳо ҳамроҳи хоҳару додараш дар хона монда, аз пайи коре дарун-берун ҳам даро-баро мекардам. Рӯзе барои харидани собун ба дукони назди ҳаммом рафтам. Баргаштаму Абдусаломро дар ҳоли табоҳе дидам. Апааш ӯро рӯйи кӯрпачаи сурӣ тарзе шинонда буд, ки калааш чун сари мурғи нимбисмил аз такягоҳ ба паст овезон меистод ва аз биниаш ба дастшӯйӣ, ки ба замин гузошта буданд, мисле ки аз чумаки чойнак, хун мерехт! Ин ҳолатро дида, дасту по хӯрдам. Охир, дастшӯйии калонҳаҷми мисин лаболаб аз
61 Сурӣ (сирӣ) – кати чӯбин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё