Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
дасташон супорем, аз худ гила кунем. Ба қоғазаке номи ҳабдоруву сӯзандоруи бисёреро навишта доданд, ки тану ҷони кӯдакро қувват мебахшидааст. Як моҳи тамом Фая сӯзандору зад. Ҳамон шуду ҷисми тагоят бедард шуда рафт. Аммо инҷиқӣ ба феълу хӯяш нишаста буд магар, ки гуфтаашро накунем, раги якравиаш мекашид. Гоҳо ба забон зӯр медод. Шкр, ки эркатулфори беномусу коргурез нашуд.
— Илёс-кофир-чӣ? Дигар наомад?
— Гуфтам-ку, сахт пир буд. Баъди чанде даргузашт. Бобоят дар маросими ҷанозааш сидқан хизмат кард. Чун фаҳмид, ки табиб дар сандуқаш ақаллан кафанворӣ надорад, маро барои овардани суф гусел кард. Худаш пешнамози ҷанозааш шуд. Ман ҳам аз таҳти дил дар азохона даступо кардам.
— Табиб зану фарзанд надошт?
— Вай марди омадаи бекасе буд.
Дар дил ният кардам, ки тафсилоти аз қабристони куҳна овардани косахонаи сарро бевосита аз забони қаҳрамони қиссаи бибиам, яъне, аз ту шунавам, модарҷон. Барои ин фурсати мувофиқ лозим буд. Охир, ту ҳамеша аз пайи дарёфти обу дони мо, чӯҷаяқонат, банди кору бор будӣ.
Хонаи навамон, ки бо мадади тагоҳоям дар наздикии Тамошоҷо сохта шуд, ба қабристони куҳнаи мардуми деҳаи Янғариқ ҳамшафат буд. Маро ҳайрат аз он буд, ки сокинони ин русто ҳама тоҷик бошанд ҳам, ин ҷойном ғайритоҷик буд. Боре аз муаллими таъриҳамон аз ин бора пурсон шудам.
— Гирду атрофи шаҳристони Сӯх ҳама қирғизҳоянд, чанд оила аз онҳо, ҳатто, дар дохили Сӯх ҳам будубош

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё