Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

эҳсос гардид, аз камари кӯҳи Обишир ҷӯе канда, бахше аз қисмати поёнии дашти Ровонро бо об таъмин карданд. Солҳои сиюми асри гузашта, чун аҳолӣ афзуда буд, дубора ин масъала ба миён омад. Аз Обишир канале ба Дашти Ровон бароварда шуд, аз шафати ҷӯйи кӯҳнаи Ровон бо роҳи шикофтани кӯҳпорае як ҷӯйи калон ба тарафи Афтобрӯ канда шуд. Ин ҷӯй садҳо гектар замини асрҳои аср бекорхобидаро шодоб гардонид. Дар маросими ифтитоҳи ҷӯйи нав Усмон Юсуфов (котиби аввали ҳизби коммунисти вақти Ӯзбекистон), ки миллаташ тоҷик буд, ширкат варзида, нутқ эрод кард. Ӯ мардуми Сӯхро «Фарҳодони асри бист» ва «ба ду маъно сангшикан»-гӯён таъриф карда (чун сӯҳиён алайҳи тағйир додани номи миллаташон хеста, муваффақ гардида буданд, ки дар ҳуҷҷатҳои шахсӣ тоҷик номнавис шаванд), ба ҳукумати маҳаллӣ фармон дод, ки аз мавзеи Сари Бароз то Афтобрӯ ба оилаҳои ниёзманд барои сохтмони манзили шахсӣ замин ҷудо кунанд ва деҳаи навро Чӯйи Нав номанд. Мардум нутқи котиби ҳизби ҷумҳуриро бо кафкӯбиҳои бардавом маъқул шумориданд, зеро ҳам аз таърифу тавсиф ва ҳам аз ваъдаи тақсими замин барои манзили истиқоматӣ хушашон омада буд.

– Пас, номи зебои Чӯйи Нав чӣ тавр ба Янғариқ табдил ёфт? – бетоқатӣ мекардам ман.

– Гоҳо кореро, ки қалам мекунад, шамшер аз ислоҳаш оҷиз мемонад. Албатта, дар рикоби котиби аввали ҳизби коммунисти Ӯзбекистон аз Тошканду Фарғона чанд нафар соҳибмансабу воломақомон ҳам омада буданд. Рафти ҳамойишро яке аз онҳо нуқта ба нуқта ба суратмаҷлис дарҷ мекард. Чун ӯ ба забони тоҷикӣ балад набуд, табиист, ки ба маънои ибораи «ҷӯйи нав» сарфаҳм нарафт. Аз кадом як нафари ӯзбекидони сӯхӣ кумак хост. Марди сӯхӣ тарҷумаи таҳтуллафз кард: «янги ариқ». Хомабадаст номи рустои навро бо ӯзбекӣ «Янги ариқ» сафт карда будааст, ки дар аввал мардуми бумӣ бехабар монданд. Дертар аз ҳуҷҷатҳои аз маркази вилоят расида дараки номи ӯзбекӣ гирифтани деҳа навро ёфта бошанд

пешина
аз 208
навбатӣ