Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

— Аз корҳои хайри гузаштаҳои падарам аммаҳоям ҳам ба ман қисса кардаанд. Назар ба гуфтаи онҳо, Қозихон Эшони яйпанагӣ масҷиди ҷомеи Сӯхро созондаанд.

— Дуруст, духтарашон Бибимастураро, ки модаркалонат ҳастанд, ба холабачаашон — бобои Эшонҷонат додаанд, пеш аз ҷашни арӯсӣ ҳамчун туҳфаи ҷашнӣ ба сӯҳиён масҷиди калоне сохта тақдим кардаанд. Баробари иморат гардидани ин масҷид дигар мардуми мо ба Қӯқанд рафта, намози ҷумъа гузориданро бас карданд.

Худат андеша кун, ҷони бобо, агар пеш аз инқилоб Ровон сокине намедошт, иморат ёфтани масҷиди ҷомеъ дар ин ҷо бемазмун мебуд. Одатан, масҷиди ҷомеъро дар ҷое месозанд, ки макони гавҷум71 буда, барои намозгузорони рустоҳои дуру наздик шароит дошта бошад. Аз рӯзе, ки худамро мешиносам, Ровон соҳиби бозору дуконҳои гуногун, ҳаммому чойхонаҳо буд. Падару бобоёни ман пушт ба пушт ровонианд. Аммо миёни деҳоту ноҳияҳои дигар ҳамеша муносибати хешутаборӣ буду ҳаст. Бибии маро Анзуратпошрои Исфарагӣ мегуфтанд. Он касро ба Ровон аз Чилгазии Исфара ҳамчун арӯс овардаанд. Агар миёни Лаккони Исфара, ки тобеи Тоҷикистон аст ва Ғазнови Сӯх, ки ҳудуди Ӯзбекистон ба шумор меравад, панҷсад метр фосила бошад, боз ту чӣ мехоҳӣ? Аслан, ин сарҳадҳо рамзианд, духтари бобош. Мо аз таърихи гузаштагон бехабарем, бо ном «олимон» гапҳое мегӯянду менависанд, ки ба хоҷагонашон маъқул бошад.

— Аз рӯйи гапатон, мардуми ин се русто — Ровону Янгарику Афтобрӯ аслан аз як деҳа афзудаанд.

— Ин масъалаи бебаҳс аст. Аммо ба деҳаи Ровон, ки маркази маъмурии ноҳия ҳисоб меёбад, аз рӯйи вазифа раҳбарони омада ҳам муқимӣ шудаанд, кормандону мутахассисон аз миллатҳои дигар низ омадаанд, ки ин табиист.

71 Гавҷум, говҷум, яъне, сераҳолӣ

пешина
аз 208
навбатӣ