Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

хуш доштам. Барои он ки аз Такобравиам падарам хабар наёбанд, саргини чиндаамро ба Туҳфанисо мебахшидам.

— Чаро саргинҳои чиндаатро ба Робия нею ба Туҳфанисо медодӣ?

— Зеро зиндагии Туҳфанисоино бисёр сахт буд. Дугонаам Нишонбибӣ ва Ҷамоат ном ду хоҳари аз худ калон дошт, ки нобинои модарзод буданд. Сарвари оила амаки Абдулазиз чанд сол пештар раҳматӣ шуда буд. Модарашон, холаи Муаззам, барои пеш бурдани аробаи рӯзгор танҳоӣ мекашид. Ӯ наметавонист ду духтари нобинояшро ба ҳоли худашон гузошта, ба кори колхоз барояд. Бинобар ин, маҷбур буд, ки кӯрпаву кӯрпаҷаи мардумро бахя занад, ҷомашӯйӣ, хамиру фатири ҳамсояҳоро кунад. Нишонбибию Ҷамоат ҳамеша ҳамроҳи модар мебуданд. Он духтаракони хушзеҳну беозор ҳангоми бо коре банд будани модарашон ба вай халал намерасонданд. Ҳар касе ҳам, ки барои мадад модари онҳоро ба хонааш даъват мекард, ҳамроҳ рафтани духтараконро қабул медошт, чун медонист, ки холаи Муаззам танҳо ба хотири фарзандони оҷизаш ба хизматгории мардум розӣ мешавад, вагарна қатори дигарон ба кори колхоз баромада, як лаб нонашро беминнат ёфта метавонист. Холаи Муаззам чун медид, ки ҳезумхонааш аз сӯзишворӣ пур шудан дорад, барои ёрии додаам аз ман миннатдор мешуд. Модарам низ маро таҳсин мекард, зеро оҷаи Туҳфанисо дугонаи ҷамолакиаш ҳисоб меёфт.

Робия духтари худдонаму нотарсе буд. Раҳораҳ дар бораи деву аҷинаҳо афсонаву ривоятҳо мегуфт. Рӯзона, албатта, шунидани ин қабил қиссаҳо мароқангез буд, аммо баъзан шабона чун онҳо ба ёд меомаданд, кас ҷуръат намекард, ки ҳатто, барои ҳоҷат ба берун барояд. Рӯзе аз рӯзҳо дар роҳи Такоб моро Робия гуфт, ки лаҳзае таваққуф кунед, ман бароитон чизе нишон медиҳам. Ва шарт гузошт, ки рӯй ҷониби наҳр истем. Вай дар як они воҳид ғайб зад ва баъди лаҳзае аз камаре овоз дод. Бо кадом чашм бинем, ки ҳамраҳи мо ба решаи дарахте бо як даст овезон

пешина
аз 208
навбатӣ