Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ба кӯҳу кӯҳталҳо буд, шабҳои пурбарфи ҷиллаи зимистон овози даҳшатафкани гургҳои мастро мешунидаму сар зери кӯрпа мегирифтам. Ту, модари шердили ман, аз сари мошинаи дардзӯзиат мехестӣ ва ба мо - фарзандонат мегуфтӣ:

  • Натарсед, ман зиндаам!

Ва ба як даст чароғи милмилак ва ба дасти дигар чӯбдастеро, ки аз чӯби биҳӣ соз карда будӣ, мегирифтию аз хона бадар мешудӣ, то аз гову гӯспандон хабар бигирӣ. Чун бовар мекардӣ, ки дару равзанаҳои оғил сахт маҳкаманд, ба хона бармегаштӣ ва аз як кодоқи сандалӣ ҷой мегирифтию дардзӯзиро давом медодӣ. Гоҳо аз чашмаки тиреза ба берун назар мекардаму медидам, ки чанд ҷуфт чашмони оташафкани дарандагон сӯйи хонаи хоби мо дӯхта шудаанд. Аз ту мепурсидам, ки он ваҳшиҳо тирезаро шикаста метавонанд? Мегуфтӣ, ки онҳо аз чароғ метарсанд. Беташвиш бошу ором бихоб.

Ҳамин ки субҳ медамид мо, фарзандон, шерак мешудему рӯйи ҳавлӣ мебаромадем ва пайи пойҳои гургони гуруснаро дар гирду атрофи оғил медидем. Ба ҳамсолон таъриф ҳам мекардем: «Имшаб ба манзиламон галаи гургон омада буданду зӯрашон ба модарам нарасид, лабашонро лесида бадар бира-а-а-афтанд.»

Чунонки андешмандон мегӯянд, ҳоло гургрони хокистарии дупо тамоми оламро бо чашмони вухуш мебинанд. Оё ту аз ваҳшатбарангезии гургзодагони замон хабаре доштӣ, модарҷон? Чаро моро ҳушдор надодӣ? Чӣ саволи ноҷое... Маро бибахш, модар. Ту, як бонуи аз сиёсат дур, аз куҷо медонистӣ, ки дар олам қувваи сиёҳкоре ҳам вуҷуд дорад ва намояндагонаш худро насли модагурги хокистарӣ мешуморанд. Ин нерӯи аҳриманӣ «пантуркизм» ном дорад (ҳаройина, миллати туркро аз балои пантуркизм фарқ бояд кард)! Онҳо дар минтақа табли шодию «худшиносӣ» мезананд, ки аз ҳазрати Одам то Сомониёни Бузург, Пури Синою Ал-Хоразмӣ, Берунию Ал-Фарғонӣ, Низомии Ганҷавию Пӯриёи Валӣ, Имоми Аъзаму Бурҳонуддини Марғилонӣ... ҳама турк буданду

пешина
аз 208
навбатӣ