Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

– Ту мегӯӣ, ки вай додари ман набуд? Не, вай миёни додару хоҳаронам дилсӯзтарин, зеботарин, боақлтарин буд. Байни додару хоҳароне, ки аз як модаранд, ӯгайӣ5 намешавад, фаҳмидӣ?

– Акнун фаҳмидам, бибӣ.

– Балоя нафаҳмидӣ. Ҳоло то мефаҳмӣ, ки...

– Баъд додаратон ҷон дод?

– Пеш аз он ки канда шавад, гуфт: «Апаҷон, ваъда диҳед, ки баъди маргам фарзандонамро ба кӯча намеронед.» «Оҳ, – гуфтам ман, – наход ман - апаи ту ба ҳамин қадар пастӣ қодир бошам? Чӣ хел забонат мегардад, Абдуҷлили ҷон?! Бо ду гӯшат шунаву ором бош, ки аз баҳри хонаву дар баромадам, насиби фарзандақот кунад. Ман сад ҷаҳон розӣ, додарам!»

Абдуҷлил хандаи дандоннамое карду чашм пӯшид. Ором чашм пӯшид.

Во дареги додари ночори ман! Додари ҷавонмаргу орзунашикаставу дунёдидаам!

Ман ба гапҳои модаркалонам ҳайрон мешудам. Гоҳо мегӯяд, ки додараш чихилсола буд. Гоҳи дигар мегӯяд, ки додараш ҷавон рафт. Додараш вақте фавтида будааст, ман чихилрӯза будаам. Пас, маълум мегардад, ки додари бибиам кайҳо мурда будааст. Вай ҷавон ҳам не, марди кало-он будааст. Ҳамту не? Мисол, ман ҳозир қариб панҷсолаам. Ман ким-кай таваллуд шуда будам. Чунон пеши пеш, ки ҳатто, ба ёд оварда наметавонам. Ҳамин қадар вақт гузашту ман навак панҷсола мешавам. Боз чӣ қадар вақти зиёд лозим аст, ки чихилсола шавам. Э-ҳе, ангуштони даст кифоят намекунанд, ки чихилро шуморӣ. Чихил шумораи ниҳоят калон. Чихил сол бисёр дери дер мерасад...

5 Ӯгай (иқтибосшудаи туркӣ) – додар ё хоҳарони нотанӣ. Ба онҳое нисбат дорад, ки падар ё модарҷудоанд. Дар мавриди падарандару модарандар низ вожаи “ӯгай” корбаст мешавад, яъне, падари ӯгай ва модари ӯгай.

пешина
аз 208
навбатӣ