Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
Модари ҷон, аз миён солиёни зиёд гузашт. Акнун ман ба маънои вақт сарфаҳм меравам. Умри инсон, ба пиндор, як рӯзи баҳорон аст. Вақте чашм кушодӣ, аллакай субҳи файзрез аз чашмаки тиреза ба рахти хобат нурҳои тиллоии хуршедрод мепароканад. Маъмулан, ман вақте чашм мекушодам, ки ҳанӯз торик мебуд. Бистари туро даст-даст мекардам. Чойгаҳат ғундошта. Маълум мегардад, ки кайҳо барои баргзанӣ рафтаӣ (мо кирми пила мепарваридем). Сипас, ба паҳлуи дигар мегаштаму ҷойгаҳи модаркалонамро мепалмосидам. Вай ҳам кайҳо хеставу рӯйи ҷойнамоз пичир-пичир мекард. Чун фотиҳа хонда, аз ҷой бармехест, ман ҳам азми хестан мекардам.
— Ҳоло барвақт, хоб рав. Гӯш кун, овози ашкалабум меояд, шунидӣ? Мегӯяд:
«Бум! Бум!
Очат да сари хум!!!»
Ман ашкалабумро ҳеҷ надидаам ва намедонам, ки чӣ ҷонварест. Вақте модаркалонам ашкалабум мегӯяд, пеши чашмонам эзорсурхак меояд, ки сӯхиён таммонсурхакаш гӯянд. Дар ангораи ман, ҳамон таммонсурхак дар сари шохаи чормағз боҳайбати рӯйи ҳавлӣ нишаста, суруди «Бум! Бум! Очат да сари хум!!!»-ашро мехонад. Сабки хониши модаркалон дар тақлиди ашкалабум бисёр ваҳмангез аст. Бинобар ин, ман сар зери кӯрпа мекашам.
— Доруҷон (модаркалон маро бо ҳамин ном дӯстдорӣ менамуд), хез, рӯйи шира ҷудо карда мундам. Хез, ки чоштгаҳ шуд.
Вақте сар мебардостам, офтоб аз тиреза ҷонибам чашмакӣ мезад. Хона пур-пури нури зарҳалӣ мебуд. Дигар нидои «Бум! Бум!» ваҳшатовар набуд. Рӯзи нави ман оғоз мешуд. Бале, қариб ҳама рӯзи ман ҳамин зайл ибтидо мегирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё