Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

мефаҳмиданд. Охир, анбори колхоз дар он айём аз куҷо резу чош буд? Бинобар ин, рӯзи сеюм ҷамъомади умумии колхозчиён барпо шуд. Рӯзномаи маҷлис ҳамагӣ як масъала буд: ба хонаҳо ҷой додани оилаи лӯлиён.

Раиси колхози Ровон Бобо Калонов гуфт:
– Ҳозир замоне омадааст, ки нони касе бутун нест. Хоҷагиҳои дигар барои фронт маблағ ҷудо мекунанд, мардум охирин буридаи нони худро ба онҳое, ки аз минтақаҳои ҷангзада эвакуатсия шудаанд, баҳам мебинанд. Аз боло фармон шудааст, ки колхози мо чанд оилаи чӯгиёнро ба худ гирад. Аллакай додару хоҳарони мо дар боғи колхоз чодар задаанд. Дар ҳавои хунуки Сӯх зери чодари тунук буду боши онҳо қариб номумкин аст. Аз ин рӯ, мо ба хулосае омадем, ки ... – раиси колхоз ин ҷо таваккуфе кард ва ба ҳозирин як-як чашм андохта, гулу равшан намуд.

Мардум ҳайрон буданд, ки сарвари хоҷагӣ чӣ мегуфта бошад? Охир, оилаҳоро аз минтақаҳои ҷангзада ба худ гирифтан маъние дорад. Аммо ба ин ҷо овардани чӯгиён ба чӣ маънист?

Раиси рамузфам ба мақсад наздик мешуд:
– Хуб, мо ба хулосае омадем, ки партия ва ҳукумати ҷонаҷонамон ҳар чи фармояд, бояд иҷро кунем, яъне, онҳоро аз рӯйи виҷдон ба хонаҳои холиву меҳмонхонаҳои худ ҷой диҳем.

– Ба колхоз сарборӣ овардани лӯлиёни дайду чӣ маъние дорад? Магар онҳо дар ҷанг хонавайрон шудаанд?

– Не, бародар, онҳо ба колхоз сарборӣ нахоҳанд шуд. Ин қавми лӯлиён талбандаву гадойӣ дар ба дар ҳам нестанд. Ин тоифа бо номи косатарошон маъруфанд. Ҳар як узви оилаи косатарошон саду сӣ ҳунар доранд: сабад мебофанд, косаву ҷумча метарошанд, заргариву оҳангарӣ мекунанд.

– Масхарабозанд... – касе аз аҳли ҳамоиш луқма партофт.

– Ҳо, бале, вақте дилҳоро ғубори ғам мегирад, масхарабозу дорбоз, хирсбозу морбозу маймунбозон ҳам

пешина
аз 208
навбатӣ