Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
лозиманд. Ба фикрам, аз қабул кардани чанд оилаи чилхунара мо бурд мекунем, ки бохт не. Чӣ гуфтед? — раис ҷониби сарварони бригадаву звеноҳо бо умед нигарист.
— Албатта, шумо бе далел гап намезанед, раис, — гуфт сардори бригада Мулло Ҷалоли Мӯсо, — лекин дар ин замони вазнин ба мо аз хирсбозу дорбоз дида, деҳқон заруртар нест магар? Лӯлиёне, ки аллакай гулбоғро пайҳон кардаанд, аз зироаткорӣ дарак дошта бошанд, ки ҳосили гандуму картошкаро зиёдтар кунем? Фронт аз мо нону гӯшт, меваву сабзавот талаб мекунад, на сабаду косаву ҷумчаи чӯбӣ...
— Ташвиш накашед, рафиқ Мӯсоев, лӯлиён ҳам одам. Кори одамкардаро одам карда метавонад. Дар Панҷакент бригадаи лӯлиёни шоликор ҳар сол тонна-тонна девзира мерӯёнанд. Дуруст, лӯлиёни ин тараф қариб ҳама дар гирди шаҳр сукунат доранд. Шуғлашон ҳам аз рӯйи талаботи мардуми шаҳр аст, яъне, асосан косибанду аҳли ҳунар. Лӯлиёни Ҷомашӯйии Андиҷон, ки мо қабулашон карданием, аз зумраи чунин қабилаи шаҳрнишинанд. Мулло Ҷалол, худи шумо тайёр ҳастед, ки оилаеро қабул кунед?
Бригадир гарданхорон аз ҷой хест ва коҳилона бо ишорати ризоият сар ҷунбонд.
— Пас, сардори қабила Нозук-ҷӯгӣ сокини хонаи шумо шавад. Ку, азизон, фаъол шавед, боз кӣ ба бригадир пайравӣ мекунад?
Ҳамин тавр, сухани раиси колхоз дар замин намонд.
Нозук-ҷӯгӣ зани паривор зебо, хушкаду қомате буда, ба ҳамқавмонаш ҳеҷ мондание надошт. Баъдтар маълум гардид, ки ӯро ҷӯгиён ба ивази кӯдаки кушташудаашон аз як деҳаи тоҷикнишини Фарғона ҳамчун хунбаҳо гирифта будаанд. Ин сирро ҷӯгиёни дигар ошкор карда, таъкид ҳам доштанд, ки сарвари қабила нафаҳмад. Худи Нозук тоҷикии хешро ҳеҷ тан намегирифт. Ҳангоми шиносӣ худро на Нозук, балки ҳатман Нозук-ҷӯгӣ гуфта муаррифӣ мекард.
92 Пайҳон — лагатмол, поймол, зерӯ забар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё