Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Пушти хони додот ҷӯйи дам,
Даруни дилам пури ғам.
О, ҳарчӣ гӯям, бозам кам,
Дарди дилама ба кӣ гӯям?

Байти умумии фазои кӯҳсорро ғулғула меандозад:

Ана ёвайло, мана ёвайло!
Ёвайло гӯям, дардакам бурод!

Қисмати азалии ошиқон будааст, ки ҳатто ишқи мувозӣ ҳам аз ҷониби дигаре халалдор мегаштааст. Ин аст, ки яккахон чашм ҷониби фалак медӯзад, аммо ку гӯши гапшунав?

Осмонанда дидам палли тарозӣ,
Ҳардумо кардим хандаю бозӣ.
Акояки номардат норозӣ,
Гӯ-гӯён мерам дари додотба!..

Ёвайло¹ ... Ман айёми кӯдакӣ сабаби ёвайло ном гирифтани ин намуд иҷоди шифоҳии ҳамдиёронамро намедонистам. Вале ҳаминаш ба ёдам ҳаст, ки ёвайлоро фақат дар дашту кӯҳу саҳро мардон бо овози фалакрас мехонданд. Ёвайло, яъне вовайло, суруди мардони кор, суруди пур аз оху воҳ, суруде, ки мардон ду каф гирди дахон бурда, ба гӯши фалаки кар овози хешро расонидан мехостанд. Тавассути ин суруд ба он Ёри якто муноҷот менамоянд. Оҳанги ҳазину гӯшнавози ин суруд ба магзи ҷонам аз овони тифлӣ нишаста. Хаёлам, ягона савту наво ин гуна ширину гуворо нест.
Мо кӯдакон, он рӯз хурсандӣ мекардем. Гирд-гирди ғарами ҳезуми бурсу заранг, бодоми талхак метохтем ва шояд бо калонсолон дар кашонидани ҳезум мадад мекардем. Ин тирамоҳи кадом сол буд? Ва ман чанд сол доштам? Боре ман ба бибиям ҳамин саволро додам.

  1. Ёвайло – намуде аз сурудҳои фалакӣ дар зодгоҳи муаллиф.
пешина
аз 120
навбатӣ