Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ман чӣ донам, ки кай буд? Дуруст аст, ки маъмулан тирамоҳ ҳезум мекашонанд, яъне ғами зимистонро мехӯранд.

— Охир, бори аввал тағоҳоям Бобомӯсову Абдусалом кай ҳашари ҳезумравон ташкил карда буданд? Ёдатон ҳаст, ки кундуву шиббаҳои бурсу бодоми талхак оварданд?

— Ҳезумравӣ аввалу охир надошт. Ҳар тирамоҳ меоварданд. Вассалом.

— Ҳамоне, ки ба ёди ман монд, якумин ҳезумбиёрон буд.

— Хайр?

— Ман чанд сол доштам, охир?

— Аҷаб гапҳое мезанӣ. Ту ҳоло ҳашт сол дорӣ. Ҳар сол ҳезум меоварданд. Яъне аз рӯзи бунёди ту ин ҷониб ҳафт-ҳашт бор ҳезум кашидаанд. Ту кадомашро дар назар дорӣ?

— Шояд тирамоҳе буд, ки мо тӯй доштем...

— Тӯй мегӯйӣ?

Ман лаб газидам. Бибии рамузфаҳмам ҳам чанде лаб мебандад. Сипас паст-паст мегӯяд:

— Шояд соле пеш аз ҷашни арӯсӣ бошад. Чунки пеш аз тӯй аз ҷониби андаҳо дар қатори анҷомҳои дигар як мошин ғӯзапоя ҳам оварда буданд. Аз ин рӯ он тирамоҳ ҳезумравон ташкил накардем. Он сол соли муш буд.

Аҷаб кампираки соддаест бибии ман. Намедонад, ки чанд сол дораду кай ба дунё омадааст, — аз дил мегузаронидам ман, — вагарна намегуфт, ки соли муш, вақти зардолупаз, ба дунё омадааму се бисту панҷ сол дорам. Вай синни фарзандону наберагонашро ҳам ҳамин хел ҳисоб мекард. Вале ман аз ин ҳисобу китоб чизе намефаҳмидам. Аз рӯи ҳисоби модаркалон тағойи Абдулаҳадам, хохарбузургам ва додараки навзодам ҳама дар соли наҳанг таваллуд ёфтаанд. Вале тағоям марди калон, хохарбузургам дар синфи шашум мехонад, додарам бошад, ҳанӯз тифли момузӣ. Ёбеду гиред. Кӣ бовар мекунад, ки онҳо ҳама дар як сол ба дунё омадаанд?

— Шумо одамои нав, — мегуфт ӯ, — мо одами кӯҳна, солшумории урусия намедонем.

— Ман фаҳмиданӣ, ки...

— Чия фаҳмиданӣ? Саводе надорам, ки фаҳмонам.

пешина
аз 120
навбатӣ