Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

ӯ ба қоғази давлат беғалат, хушрӯ даст мемунад, ҳа. Ҳуҷҷати давлат ҳазла намебардорад.

Худаш ки савод надорад, маро ҳам бесавод фикр мекунад, мегуфтам дар дил. Аммо бобои Муллоҷлолам одами саводнок. Ун кас ҳам саводи кӯҳнаву ҳам саводи нав дорад. Ман ҳар чизеро, ки нафаҳмам, аз бобоям пурсида мегирам. Масалан, ун кас ба ман фарқи солшумории кӯҳнаву навро фаҳмонидаанд. Ман акнун ҳисоби мучалро ҳам медонам.

Модарҷон, воқеан ҳанӯз намедонам, ки ман мавҷудияти хешро кай дарк кардаам. Ҳезумравон пеш буд ё арӯсӣ? Модаркалон мегӯяд, ки соли тӯй тағоҳоям ҳашари ҳезумравон ташкил накарда буданд. Пас соле пеш аз арӯсӣ. Вале, ба гумонам, ин ҳар ду дар як рӯз рӯй дода буд, зеро дигар рӯзҳо ба ёдам нестанд. Наход дар давоми як сол воқеаи хотирмоне рух назада бошад?

Он рӯз хонаи мо даро-баро буд. Ба ману апаам куртаҳои сатини сурх пӯшониданд, ки зани тағоям дӯхта буд. Кӯдакону зану мардони зиёд омаданд. Ошу шӯрбо пухтем. Аслан ман намедонистам ин чӣ маросимест, зеро на доираву тунбак, на карнааву сурнай садо медод, на рақсу бозӣ мекарданд. Кадоме маро ба кунче кашида гуфт:

– Медонӣ, ки шаб очаатро мебаранд?

– Куҷо?

– Ба ҷойи дури дур.

– Чиба?

– Охир, очаат шӯй мекунад, бефаҳм!

Оҳ ман чӣ қадарҳо хурсанд шудам, ки... Чӣ хел нағз. Модарам шавҳар мекунад. Пас ман падардор мешавам. Вале шабона модарамро ҳамроҳи як гурӯҳ зану мард ба мошин шинонданду маро не.

– Оча! Оҷачон! Мана мунда нарав, оҷачон!!!

Мошин ба роҳ даромад. Маро тағоям бардошта гирифт. Ман доду фарёд мекардам, дасту почак мезадам. Дигарон чӣ мегуфтан,

пешина
аз 120
навбатӣ