Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Рост мегӯяд. Ӯ чизеро фаҳмонидан наметавонад. Ман мисли ӯ бесавод будан намехоҳам. Азобе ки вай дорад... Гирем, пӯшидачии холаи Бибикалон моҳе як маротиба пули нафақаи модаркалонро, ки бо гуфти худаш, як саду бист сӯм аст, меорад. Аммо бибии ман ба коғази пӯшида имзо монда наметавонад. Аз ин рӯ ба холаи пӯшидачии илтиҷо мекунад:

– Бибикалони ҷон, да пеши потон мурам, худатон даст монеду ҳаққи хизмататона гиред.

Холаи пӯшидачиӣ худаш имзо мекунад ва ёздаҳ сӯм шумурда ба дасти модаркалон медиҳаду мегӯяд:

– Хола, хизматонааш як сӯм.

– Ош шавад, бачам, даҳ сӯм ҳаққи қаламатон.

– Даҳ сӯм? Воҳима накунед, як сӯм гӯед.

Гуфти шумо шавад, бачам. Мо одамойи қадим-дия. Лекин дар ваққташ ҳамин пуле, ки шумо як сӯм мегӯед, қадри даҳ сӯмро дошт, бачам. Ҳозир бошад, дахтояк нон медиҳад. Ба ҳаминаш ҳам шукр.

Ҳамин тавр ҳар моҳ тақрибан дар ҳамин мазмун онҳо радду бадал мекарданд, шикоят менамуданд, шукр ҳам мегузоштанд.

Рӯзе (ин хеле дертар, вақти дар синфи сеюм хонданам рух дода буд) бо ёрии ҷадвали зарб нафақапулии модаркалонро ҳисобу китоб кардам. Медонед, бибии ман соле чанд сӯм нафақа мегирифтааст: Як саду чилу чор сӯм! Аммо холаи Бибикалон ҳар моҳ як сӯмӣ хизматона меситонад. Агар дувоздаҳ сӯми хизматонаро аз як саду чилу чор кам кунем, мешавад як саду сиву ду сӯм. Яъне модаркалони ман дар як сол ёздаҳ моҳ нафақа мегираду як моҳ не.

– Ин хел нагӯй, доруҷон. Одам дар ҳаққи одамойи ҳалол гумони бад намекунад. Ман ҳар моҳ бетанаффӯс саду бист сӯмӣ нафақа мегирам.

– Бибиҷон, ман акнун имзо монда метавонам. Ба ҳуҷҷати нафақаатон ман имзо гузорам?

– Чиба?

– Ун вақт холаи Бибикалон хизматона талаб намекунад.

– Ту кию ба ҳуҷҷати давлат даст мундан. Бибикалон зани босавод. Вай чанд вақт муаллимагӣ ҳам кардааст, бинобар ин

пешина
аз 120
навбатӣ