Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
чӣ кунам, ки меҳр нисбат ба падар аз ҳикояти шахси дуввуму саввум пайдо намешавад. Балки якҷоя бо тифл тавлуд меёбад ва ҳар соату ҳар рӯз бузург мешавад. Боре гуфта буд, ки тифл дар серӯзагӣ падарро мешинохтасту дар семоҳагӣ модарро. Ва дар мавриди дигар гуфта буд, ки агар шайтон ба гӯши тифли хуспида “модарат мурд” гӯяд, кӯдак механдад. Яъне бовар намекунад. Мегӯяд, “дурӯғ аст ин, навак модар ширам дода буд!” Вале чун шайтон гӯяд, ки “падарат мурд”, тифл мегиряд. “Аз эҳтимол дур нест, мегӯяд, зеро чанд соат аст, ки надидаам”.
Модарҷон, пеш аз он ки ман чашм ба олами рӯшан кӯшоям, шайтони лаъин аз ҷудой ва марги зудраси падари хабар дода буд гӯё. Шояд ман ба бепадарии хеш сахт хӯ гирифта будам, ки рӯзи маргаш ашк нарехтам.
Ҳамон рӯз маро аз азохона ба беморхона не, ба ҳавлии бобои Мулло Чалолам оварданд. Чашму рӯйи ту аз гиря суп-сурх варам карда буд. Маро канор гирифтиву навҳа кардӣ:
– Вой, кӯдаки бепадари оҷае! Чаро вай фикр nakard, ки ин тифли маъюб дар ин дунёи дун чӣ тавр мезияд? – ту номи ӯро гирифта бо овози баланд нола мекардию мегуфтӣ, – хайрият, чароғи рӯзгорамон насӯхтаву барвақт ҷудо гаштем. Хайрият, чанд сол ҷудо будему дилсардиҳо шуд, вагарна имрӯз ман ба ин дард тоб оварда наметавонистам. Э вой, чигарам! Эй войи тоҷи аз сар паридаам!!!
Водареғу вовайлогӯиҳои ту дарднок буд, албатта. Ба ҳолат дилам сӯхт ва гиристам.
Модарҷон, ман аз он рӯзе, ки худро андак-андак шинохтам, аз дарду доғҳои ту хабар ёфтам. Зарра-зарра, коҳ-коҳ дард эҳсос мекардам ва охируламр он кӯҳ-кӯҳ гардид.
Модари ҷон, ёдат меояд, ки боре аз мактаб гирён омадам? Он вақт дар синфи ду мехондам. Аз ҳама хушхат будаму равону бурро китоб мехондам. Он рӯз сарвари мактаб дарси муаллимаамонро таҳлил мекард. Муаллима асосан мо, чанд нафар пешқадамони синфро, хононд. Дар охир моро як-як ба раҳбари мактаб шиносонид. Навбат ки ба ман омад, лаб газид.
– Фарзанди кист ин духтари донояк? – мӯйҳои маро бо панҷааш шона зада пурсид директор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё