Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
- Вай... падарашро намешиносам... Аз думи модараш омадагӣ, духтари ӯғайӣ...
Ман китобу дафтарҳоямро гирифтаму худро ба берун задам ва то хона гирякунон давидам.
Ёдат ҳаст, ки он рӯз ҳамдигарро оғӯш гирифта хуб гириста будем? Ту мегуфтӣ:
-
Аз куҷо медонанд, ки ту духтари кӣ ҳастӣ? Падари ту муаллими илми олидор буд. Мисли ин муаллимчаҳо камандешаву ҷаласавод не. Марди обрӯмандтарини Сӯх. Ҳафт пушташ эшон. Ин қабил одамҳоро дар Сӯх “тору пудаш обрешим” мегӯянд. Афсӯс, ки ту ӯро комилан нашинохта мондӣ. Балки ман имкон надорам, ки ту ӯро хубтар шиносӣ. Ғурури бехуда кардам. Аслан ҳеҷ гоҳ ихтиёри ман ба дасти худам набуд. Ҳамеша тақдири маро дигарон ҳал кардаанд.
-
Дигар ба мактаб намеравам, - боз оби дида мерезам ман.
-
Ҳамин ки таътил сар шуд, Сӯх мебарамат. Минбаъд ҳамонҷо мехонӣ.
Ту оё дар оилаи нават хушбахт будӣ? Ман намедонистам чунин саволат диҳам. Вале бо гузашти вақт посухи пурсишҳои бесухани хеш гирифтаам.
Миёни Сӯху Риштон мокувор дар рафтую будӣ. Ман ҳаргиз намехостам, аз модаркалони меҳрубону афсонагӯям ҷудо, аз бари хохарбузурги камгапу мушфиқам дур бошам. Мехостам, ҳар субҳ хуршед ба рӯям аз тирезаи хонае ханда занад, ки ман он ҷо чашм ба олами ҳастӣ кушодаам. Ку-куи мусичай бегуноҳу тутпухти шонасараки раҳинтизор дар шоҳсорони боғоти Сӯх навои бемонанди ҳамешабаҳор метофт. Акси садои Чилдухтарон аз кӯҳи Ровон маро ба дунёи асрорангез мебурд:
-
Чилдухтарону-у-у! - садо мекардем мо.
-
Ху-у-у! ҷавоб медоданд хурони чилтан.
-
Сабӯс баран, чӯргот медиҳе-е-ед!
-
Биё-е-е-ед!
-
Бозам кучукакатон нагазанд!..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё