Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
- Не-е-е...
Ва шояд ин гуна ҷавоб намедоданд. Шояд. Аммо он вақтҳо ман сахт бовар мекардам, ки Чилдухтарон бо мо дар гуфтугӯанд. Ҳар чӣ пурсем, ҷавоб медиҳанд. Ҳанӯз ҳам ҳамдеҳагони ман ба будани чил ҳури пок бовар доранд. Онҳоро Чилтани пок низ меноманд. Гоҳ-гоҳе аз базму осмонкафи онҳо, аз маросими арӯсбароне, ки ташкил мекунанд, овозаҳо пайдо мешаванд. Одатан нимишабӣ Чилтани пок аз ҷониби мазори Хоҷа Муаллими Сир баромада, пушт-пушти кӯҳи Ровон, мавзеи Кунҷокро убур карда бо ҳайю-ҳуй, бо шӯру валвала, бо ҷангу чагона ва доираву рубоб ҷониби офтоббаро мераванд. Аҷаб, ки овози шодиву хурсандиро ҳама мешунаванд, сагҳои деҳа ак-ак мезананд, аммо касе қофиларо намебинад. Аз ин рӯ, ҳама бовар мекунанд, ки Чилтани пок рӯҳи Чилдухтарон аст, ки замоне аз нопокӣ гурехтаанд ва Яздон қулфи дари кӯҳи Ровонро боз кард, то он ҳурони порсо абадан паноҳ ёбанд. Аммо он чил рӯҳи ноком ҳеҷ ором намегиранд, ҳанӯз дар орзуи шаби висол базми арӯсӣ барпо месозанд. Аз шунидани нидову садои шӯрангез набояд тарсид. Боистӣ чу мане, ки ҳама орзупарвару хаёлиям мехонанд, хомӯш ба кунче нишаст, ба нуктаи ноаёне чашм дӯхт ва орзу шикаст. Манам, ки дар шабҳои ялдои зимистон баҳри худ насими навбаҳорони Сӯҳробро эҳдо мекунам, дар диёри дур аз ёрони хеш маҷлиси висол барпо мекунам. Дар миёни Чилтани пок арғушти “ялло” меравам, пой мекӯбам, чарх мезанам, то ҷаҳон гирди сарам гардад, ҳамон сон ки айёми тифлӣ мо, духтаракон дар тақлиди саддравандагон ду дастро боло бардошта давр мегаштем у давр ва ҳамзамон мехондем:
Об хӯрам, нағалтам,
Сабӯс хӯрам, нағалтам.
Ва оқибат аз по меафтодем, замину замон поскуно-росткуно мешуд.
Модарҷон, ман ҳеҷ дар хонадони падарандар зистан намехостам. Маро хумори қиссаву афсонаҳои модаркалон меги-
- Поскуно-росткуно – чаппаву роста (вожгуна-ростгуна).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё