Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

даҳшат афтода, ақл бохта, сар ба харсангҳо мезананд, пора-пора мешаванд, то сангреза гардида чошу пош мехӯранд”.

Ҳаво ғуборолуда буд, бӯйи барф мекард, шамоли изгирин ба сару рӯй сӯзан мезад, баданро меларзонид. Дилам ба ҳоли се санги одамшамоил, ки воқеан аз дур шабеҳи се бонуи фаранчипӯш буданд, месӯхт. Он яке – ҳамоне, ки дар миёна буд, нисбатан баланд, дуи дигар ба андозаи қади дӯшизагони даҳ-дувоздаҳсола буданд. Ман тозон пеши Санги арӯс рафтам ва онҳоро даст-даст карда дидам. Дасти мӯъҷизакори табиат аз сангҳои оддии кӯҳӣ аҷаб ҳайкалҳое офарида. Ва мардуми хирадманд чӣ номи зебандае дода. Номи санг муқаддам аст ё ривоят? Мардум аввал қисса бофта бошанд ва ё... Ин андешаҳо ҳозир аз сари ман мегузаранд. Аммо, вақте ки модарҷон, ту ҳикояти Санги арӯсро мегуфтӣ, ман ҳаргиз онро бофтаи мардумӣ намепиндоштам. Дар баробари нақли ту ман он манзараҳои пур аз шодиву сурур ва он саҳнаҳои пурдаҳшатро на танҳо бо чашми хеш медидам, балки дар он корзор иштирок мекардам, баробари арӯси ноком аз Кирдгор ба худ марг мехостам. Вале ман бо он манзара аз даричаи хоси хеш ворид гашта, ба воқеаву ҳодисот аз рӯйи хости дилам тағйирот медаровардам, саҳнаҳои нофораму нолозимро метавонистам ботил созам ва корро ба коми дилам анҷом диҳам.

Арӯс модари ман мебуду ҳамроҳони ӯ – ману хоҳарбузургам. Модари маро аз Сӯх ба Риштон мебурданд. Бо хости худаш не, чунки ҳамеша тақдирашро дигарон ҳал кардаанд. Ӯ гирёнӣ нолон меравад, аммо қофила рақсу бозӣ мекунад. Ҳама чунон мепиндоранд, ки андӯҳарои соҳибҷамол аз толеъи бедори хеш ризо асту ашки шодӣ мерезад. Вале мо медонем, ки вай дилкашолие дорад. Ёреро, ки аз ӯ маҷбуран ҷудо кардаанд, ҳамеша интизор буд. Аммо ӯ наомад. Ниҳоят рӯзе даррасид, ки ин баргаштааҳтарро аз Сӯх ҷониби Риштон мебаранд. Домоди рустамнамо дар бараш, киёнӯкар бо шӯру қиём, бо нидои “ёр-ёр” пеш меравад. Ногаҳон аз паси харсангҳо, аз пушти кӯҳпораҳо дастаи ҷавононе ба қофила ҳуҷум меоваранд. Ҳама фаши саллаҳоро ниқоби рӯй кардаанд. Байни онҳо нафаре сабзинаву абрӯсиёҳ, миёнқаду қавипайкар ҳай шамшер мекашад,

пешина
аз 120
навбатӣ