Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳай ҷонбозӣ мекунад... Чун ба қаъри чашмони разманда зеҳн мемонам, пай мебарам, ки вай намехоҳад домани арӯси боиффатро доғдор намояд. Ва ин гурӯҳ дуздони роҳзан ҳам нестанд, балки ҷавонони ғайуреанд, ки ба ҳимояи шарафу номуси хеш бархостаанд. Онҳо намехоҳанд, ки хонае вайрон, тифлаке гирён, модаре миёни Сӯху Риштон сарсон бошад... Ва аммо забони ман гӯиё шах шудааст. Наметавонам, ба ҳамроҳони хеш бифаҳмонам, ки он тур не, балки ин зайл...

Қору пайкор давом дорад. Дере нагузашта ин майдони начандон васеъ пур аз сарҳои бурида, ҷасадҳои паҳну парешон мегардад. Ҳар ду ҷониб ҳам талафоти зиёд медиҳанд. Оқибат ду марди тан ба тан мемонанду се ҷинси латиф – ман, модарам ва хоҳарбузургам. Мо ба ҳамдигар ҷафс мешавем ба сони сангҳои одамшакл. Ва ҳар кас дар дил ниииш мекунад. Ҳарбу зарб давом дорад. Гӯши фалак кар аст. Ман дигар қудрате надорам, ки саҳнаро мувофиқи хости худам коргардонӣ кунам. Худо ҳар чӣ хост, ҳамон мешавад ва он марди ниқобпӯш ба сина теғи ҷонкоҳ мехӯрад. Рақибаш ниқоб аз рӯйи ӯ меафканад. Абрӯвони шикастаи сиёҳ ва бинии нозуки зебанда, шабеҳи тарҳи рӯйи хоҳарбузургам. Вай ҳамон зайле хуфтааст, ки рӯйи бистари маргаш дидаам. Фаши саллаи зебандааш гӯиё манахбанди ӯст. Аз чашмонаш ашк ҷӯшида мебарояд. Вале модарам... чаро ӯро нашинохт? Ман ки боре ҳам надида будамаш, шинохтам, аммо модарам ва хоҳарбузургам нашинохтандаш. Ва шояд шинохтанду аз ҳаяҷон шах шуданд. Ман ҳам ҳолати хешро ба онҳо ифода карда наметавонам. Зеро ба сони онҳо санг бастаам.

Тақдир қатъи риштаи тадбир мекунад,
Тадбири содалавҳ чӣ тақдир мекунад¹.

Моро мардум Санги арӯс номиданд. Мо ки ҳоли хешро Натавонистем баён созем, ровиён аз воқеият дур рафтанд. Ҳасмро дӯсту ёрро ағёр хонданд. Охир, торихи мо таҳриф шуда. Оҳ, басе торихҳое, ки аз ҷониби муқобил нигошта шудаанд...

  1. Ин байт аз Соиб.
пешина
аз 120
навбатӣ