Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Аллоҳу акбар! Аллоҳу акбар! Аллоҳу акбар! Аллоҳу акбар! Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ. Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ. Ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ. Ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ. Ҳайя алал-с-салоҳ. Ҳайя алал-с-салоҳ. Ҳайя алал фалоҳ. Ҳайя алал фалоҳ. Аллоҳу акбар. Аллоҳу акбар. Ло илоҳа иллаллоҳ!

Ба баданам гармӣ медавад. Кулфи гӯшҳоям во мегардад. Ба атроф менигарам. Гурӯҳе аз намозгузорон сар ба саҷда мондаанд. Чанд нафар андаруни автобус пинак рафтаанд. Шофири шапкапӯш ба мошинаш бензин мерезад. Ман азми хестан мекунам. Аммо ту ангушт ба лаб мегузорӣ: “хомӯш...”


Ман аз аввал ба ту такя кардаам. Ту на танҳо модар, балки ба ҳукми падар ҳам будӣ. Неруе доштӣ, ки ҳатто мардони майдон надоштанд. Тири нигоҳат нишонрас, суханат кӯтаҳу бамағз, рафторат мардона буд. Ту аслан ҳамин хел зани мардсиришт будӣ ё вонамуд месохтӣ? Шояд зарбаҳои тақдир батадриҷ чунонат карда буд, ки ҳатто мардон дилу гурдаи ба ту пасту баланд гуфтан надоштанд. Дугонабоз набудӣ, балки ту ба чунин рӯзӯркуниҳо вақт надоштӣ. Кай меҳуфтӣ? Кай меҳестӣ? Мо, чор тифли ту орзу мекардем, ки баробарамон ба рахти хоб дароӣ, афсона гӯйӣ. Аммо ту ҳамеша серташвишу банди кор будӣ. Ёдам меояд, ки фонуси керосинӣ дар даст то ними шаб кишти ҳавлиамонро об медодӣ.

– Оҷаҷон, тезтар биё, хоб равем, – зора мекард додарам.

– Боз каме сабр кун, об то охири чӯяк расад. Охир, пагоҳ навбати дигарон. Бояд ҳамин шаб об диҳем.

Субҳи барвақт ҳам туро рӯйи бистарат намеёфтем.

– Оча! – рӯйи ҳавлӣ баромада нола мекард додари нозпарварди мо.

– Ман – ин ҷо, – овозат аз бом мебаромад ва мо тифлаконат ба ёрӣ мешитофтем.

Донаҳои зардолуи дамхӯрда чун каҳрабо медурахшиданд. Ту корро қариб тамом кардаву ба мадади мо мӯҳтоҷ ҳам намебудӣ,

пешина
аз 120
навбатӣ