Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Вай дегча дегчаи оддӣ набуд. Чунон нағмаҳо мекард, чунон бозиҳо мекард, яъне Дегчае буд аз даҳ тифли гирёнчак боло, аз сад бачаи гапнодаро авло. Аммо пиру кампир дар аввал инро нафаҳмиданд.

Рӯзе мард сари замин ҷуфтронӣ рафт. Зан ба мардакаш хӯроки зуҳр омода намуд. Бояд таомро сари замин мебурд, аммо пир ки шуда буд, пойҳояш мадор намекард. Аз ин рӯ худ ба худ забони ҳасрат кушод, ки:

  • Кош ин Дегчаи мо писар мебуд, дар пирӣ ёрдамчиву ёварамон мешуд:

  • Ман аз кадом писар кам? Ман тӯшаи додома сари замин мебарам, - гуфт ғайричашмдошт Дегча.

Модар чунон хурсанд шуд, чунон хурсанд шуд, ки!.. Дегчаро рӯйи дастонаш бардошта дӯстдорӣ кард:

Дегчаи сиёҳи оча,
Духтари чу моҳи оча.
Ғилдир-ғилдир меравад,
Пеши додо мерасад.

  • Бибиҷон, Дегчаи сиёҳ ба моҳ монанд мешавад?

  • Кӣ дӯғи худаша турш гуфтааст? Гамбӯск ҳам бачаша сафедакам гуфта дӯстдорӣ мекунад. Гапа набуру гӯш дор. Хуллас, модар ошу нонро даруни Дегча андохта, ӯро сари кор гуселонид. Дегча ғелида-ғелида пеши падараш омад.

  • Додоҷон, ман хӯрокатона овардам, - гуфт ӯ.

Падар чунон шодӣ кард, чунон шодӣ кард, ки мондан гиред. Медонед чӣ гуфт?

  • “Дегчаи хушрӯйи додош” гуфт, - мегӯям ман.

  • “Духтари дилҷӯйи додош” гуфт, - илова мекунад хоҳарам.

  • Боракаллоҳ! - мегӯяд бибиам, - Воқеан падари Дегчаро Кали Ёр мегуфтанд. Кали Ёр боз мегӯяд, ки:

  • Саракаш сиёҳи додош,
    Рӯякаш чу моҳи додош.

пешина
аз 120
навбатӣ