Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Бибиҷон, охир дафъаи гузашта падари Дегҷаро дигар хел ном гирифта будед-ку.
  • Дуруст, вай Пири Кӯса буд. Чунки вай дигар одам буд.
    Духтари вай Дегҷаи дигар буд. Ин Дегҷа - дигар Дегҷа. Пири Кӯса Дегҷаи худашро ин тавр дӯстдорӣ мекард:

Дамбураки додош омад,
Пурхӯраки додош омад...

  • Охир ин суруди Пири Кӯса не. Ин дӯстдориҳои бобои Мулло Ҷалолам-ку...
    Дар ҳақиқат бобоям мо, набераҳоро сари зону гирифта дӯстдорӣ мекарданд, бозӣ медоштанд. Масалан, ун кас гоҳо маро мефармуданд:

  • Чачая тиед.
    Ман дастамро ба дасташон медодам. Ишон ангуштонамро як-як афшонда мегуфтанд:

  • Леле.
    Додараки леле.
    Сарви баланд боло.
    Ҳофизи Қуръон,
    Хирси шибишкуш!

Гумон аст, ки аз ин бозӣ маъние бардошта бошед, аммо барои ман ин суханҳо як ҷаҳон маънӣ доранд. Ҳар яке аз ин мисраҳҳо ишорат ба як ангушти даст аст, балки номҳои панҷа аст,
ки шояд аз хусусияти онҳо асос гирифтаанд. Афсӯс ки он вақтҳо ман шарҳи бозиро намепурсидам. Бароям кифоя буд, ки бобои ширинсухану ҳазлкашам маро сари зону шинонданд. Бобоям леле мегуфтанду ангушти хурдро меҳобониданд, додараки
леле мегуфтанду ангушти беномро. Ҳамин тавр, номи ангушти
миёнаро сарви баландболо, ангушти ишоратиро ҳофизи Қуръон ва нарангуштро хирси шабушкуш мегуфтанд. Ман ин сурудро баробари бобоям мехондам. Вақте ки мо хирси шабушкуш
мегуфтем, чачаи ман ба мушт табдил меёфт ва бобоям аз банди

пешина
аз 120
навбатӣ