Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
— Ту хоб намеравӣ, очаҷон?
— Аллакай субҳ медамад, ҷони оча. Барои ту ҳоло барвақт. Хоб кун, ҷонакам, хоб кун.
Вай сатили холиро гирифта берун мебарояд. Ба гӯшам садои помониаш мерасад, ки барфро ғарҷ-ғарҷ зер карда ба кӯча мебарояд.
Аз кӯча бо димоғи сӯхта даромадӣ. Ба рӯям нигоҳ накарда, аз таҳмон болине гирифтӣ.
— Ба ту чӣ шуд, очаҷон?
— Дард шуд, бало шуд!
Ту сар ба болин гузоштӣ. Ман ба ҳайрат афтодам. Ростӣ ман аз ғазаби ту метарсам. Агар оташин шавӣ, дунёро фаромӯш мекунӣ. Аммо ғазаби ту яклаҳзаина. Зуд ба худ меоӣ. Вале сабаб чӣ бошад, ки имрӯз дергоҳ бо овози гирифта аз болишт сар набардоштӣ.
Дафтару қалам гирифта ба дарстайёркунӣ нишастам. Ту дуру дароз ба ман чашм дӯхтӣ. Ман бошам, тавре вонамуд мекардам, ки гӯиё нигоҳатро пай намебарам.
— Боз чӣ менависӣ?
— Дарс тайёр мекунам.
— Сонӣ ғайбат менависӣ?
— Чӣ хел ғайбат?
— Чӣ гуфтанамро хуб медонӣ. Чаро ин корро кардӣ?
— Чиро?
— Ба фарзанди ягонаи кас роҳ нишон медиҳӣ. Гардам аз ту барин гапдону ҳақшинос!
— Вай газетаи девориро даронд. Худаш-ку як эркатулфори дарсгурез, боз...
— Боз чӣ? Даронда хуб кардааст, модоме ки ноҳақ навиштаӣ.
— Чаро ноҳақ будааст? Мо Муҳаммадро беҳуда дар “Ҷайра” танқид накардаем. Охир, вай тамоми синфро ба қафо мекашад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё