Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
Дар маҷлиси дирӯза фақат ман не, дигар ҳамсинфонам ҳам гап заданд. Баъди маҷлис акнун каме худашро шинохта мегирифтагист.
– Хато мекунӣ. Вай падару модарашро ҷигархун мекунаду лекин дигар ба мактаб намеравад. Имрӯз дар чорраҳа холаи Файзӣ чӣ гуфту ман чӣ шунидам. Забони бачаи бепадар дароз, фардо – пасфардо духтарат лаънат меорад, гуфт.
– Мебинам, ки ман лаънат меорам ё нозпарварди вай...
Ту хато карда будӣ, очачон, писари холаи Файзӣ боз ба мактаб рафт. Холаи Файзӣ ҳам хато кард. Мани “ятими забондароз” ба ту лаънат наовардам. Медонӣ, модар, ман низ ғалат карда будам. Муҳаммади “эрка” ҳам лаънат наовард...
Дар ёд дорӣ: бори аввал машқи ман дар газета чоп шуда буд. Ҳамон рӯз ту газета дар даст ба хона омадӣ.
– Духтарам, ана ина ту навиштӣ?
– Ҳа, оча.
– Хона те – чӣ.
– Нахондӣ?
– Не. Пеши занҳо худамро гум кардам. Худат хон.
Ман ҳикояро мехондаму ҳар лаҳза ба ту нигоҳ мекардам. Ту бо лабони пуртабассум ба газета чашм медӯхтӣ. Хонда шудам. Аммо ту ҳанӯз ҳам нигоҳатро аз газета намекандӣ. Дар лабонат табассум буд.
– Маъқул?
– Нағз. Аммо гӯй, ки киро навиштӣ?
– Чӣ хел “киро?”.
– Охир ин Сабзаву Ниҳол кӣ? Аз ҳамин Сӯх?
– ...
– Ба назарам, сӯҳиҳои худамон барин. Гапашон ҳам монанд. “Кафша монда бо патак метозад”, “Як чувол ҷон даркор”... Ин хелашро ман аз забони дигарон нашӯнидаам. Ҳа, гӯй, ки ин хел ҳикоянависиро ба ту кӣ ёд дод?
– Ту.
– Ман? Монӣ – чӣ... Ман то ҳол қалам ба даст гирифта як мактуби оддӣ ҳам нанавиштаам...
Хайр чӣ, модарчон, нанавишта бошӣ, чӣ шудааст? Аммо ту

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё