Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
забони буррое дорӣ. Нақлҳои аҷоиб мекунӣ. Афсонаҳоят – чӣ? Бисёр шудааст, ки бо як даҳон гап даҳони як хона занро бас-тай. Ман аз ту сухан гӯфтанро омӯхтам, забон омӯхтам, модарҷон.
“Нури дидагони оча, чароғи хонадони оча, илоҳо калон шавӣ, асои пириам шавӣ, неъмати камёби оча!” Чунин дӯстдорӣ мекардӣ, фарзандатро, модарҷон. Чунон навозиш мекардӣ, писаратро, ки мо се хоҳарон ҳатто ҳасад мебурдем. Оқибат навозишҳоят ба ҷое расонд, ки бе ту ҳаргиз сари дастархон наменишаст. Фақат нонеро ба лаб мебурд, ки ту пухта бошӣ...
– Канӣ, гӯй, агар калон шавӣ, кӣ мешавӣ? – ин саволи доимии ту буд.
– Одами калон.
– Аз ҳамин вақт ба дили кӯдак ҳисси калониву фармондиҳиро ҷо мекунӣ, – норозӣ мешавам ман.
– Гӯй, ки ҷони оча, ту одами калон шуда, маро чӣ хел бонӣ мекунӣ?
– Ҳо, он ҷо кати қимматбаҳо мегузорам. Гирдашро гулзор мекунам, ҳафт қабат кӯрпача андохта, ба рӯяш туро мешинонам. Ту хониши булбулонро шунида, бароҳат чой менӯшӣ, дам мегирӣ. Ман аз кор савори “Жигули” бармегардаму...
– Бас! – дод мезанам ман. – Бас! Ба бача гапи намефаҳмидагиашро ёд дода, тӯтивор такрор мекунонанду боз худаш завқ мебарад, – бо алам ба тую додарам менигарам.
Аз ин эродҳои ман ту боз парво намекунӣ.
– Хайр боз чӣ?
– Боз ба ту сару либоси зебо мехарам.
Ман дигар тоқат намекунам ва ба кӯча баромада меравам.
Модарҷон, аз писари ягонаат нозида, ба ӯ савол дода ҷавоб шунидан кори доимии ту буд. Ман намедонистам, ин гуфтугузорҳое, ки ба ман бисёр бемаънӣ метофтанд, туро чӣ қадарҳо ҳаловат мебахшидаанд. Ту, ки фарзандонатро бо азоб калон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё