Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
— Ман бошам, хоб рафта наметавонам.
— Беҳуда, ҷони оча. Мебинам, ки дер боз ту чунин ҳол дорӣ. Аммо имшаб аз ҳад гузарондӣ. Ман аз ин ноором мешавам. Худамро гунаҳгор медонам.
— Барои чӣ ин хел мегӯйӣ? Ту осуда бош. Чаро ба ғами ман гунаҳгор будай? Охир, ин ҳукми қисмат аст.
— Не. Ин гуноҳи ман.
— Оҷаҷон, ту талаб намекардӣ ҳам, худам чунин роҳро пеш мегирифтам. Охир, онҳо барои ман аз падар ҷудо гаштанд. Ҳарчанд ту дар ин хусус лаб намекушоӣ, дили кӯчаки ман ҳис мекард, ки сабабгори зиндайтимии додару хоҳарам манам!
— Ин хел нагӯӣ, ҷони оча! Магар ӯ сазовори номи баланди падарӣ буд? На ҳамаи онҳое, ки фарзанд мерӯёнанд, падар ҳастанд. Ман ҳамин тавр ҳисоб мекардам. Он рӯзе, ки туро падарандарат маъюб гӯён таъна зад, дарёфтам, ки на фақат ба ту, ҳатто ба фарзандони худаш ҳам падарӣ карда наметавонад.
— Хайр — чӣ. Шалро шал мегӯянду, кӯрро кӯр...
— Аммо ман туро ин тавр ба дунё наоварда будам.
— Ҳеҷ гап не. Ман аз ин ҷиҳат ғам намехӯрам.
— Дуруст мекунӣ. Аз ин бобат аз ту дилам пур буд. Медонистам, ту аз ӯҳдаи корҳое мебароӣ, ки на ҳар солимтан ӯҳда мекунад.
— Ту аз олам барвақт раҳти сафар бастӣ, ҳаминаш аламнок аст, сахт аламнок...
— Дар ин дунё кӣ ҷовид мондааст, ки ман монам?
— ...
— Ҳа, ана, субҳ медамад. Ту ҳанӯз бедорӣ. Пагоҳ чӣ хел кор мекунӣ? Бихоб, каме роҳат кун. Бубин, ситораи саҳар чашмак мезанад.
— Мегӯянд, ки агар баробари ҳамин ситора субҳро пешвоз гирӣ, рӯзат бобарор мешавад.
— Пас рӯзат бобарор бодо! Ҷони оча, хайр!
— Хайр, оҷаҷон!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё