Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
— Оҷочон, ман мемурам! Оҷоҷонам!
— ...
— Вой, дигар тоқат карда наметавонам. Оҷочон!
Шаб ҳамчунон тӯлонӣ менамояд, ки гӯиё ҳаргиз рӯз шуданӣ набошад. Аз ҳол меравам, гӯиё ҳаётам дар сари мӯй. Оҳ ин дард! Оҳ, оҷочон!
Ман пештар шунида будам, ки азоби модарӣ зӯр аст. Фикру андешаҳои ту дар ҳаққи мо, ки беминнати касе ба воя расем, магар бароят осон буданд? Бедорхобиҳои сари гаҳвораи чор тифли бепадар магар азоб набуданд? Ва боре ту гуфта будӣ, ки шабро сари гаҳвора рӯз кардан азоби ширин аст.
Ҳанӯз дар синни сӣ пиҷҷаҳои ту мошу биринҷ гашта, гирди лабонат маҳин тӯр баста буданд. Охир, ту дар ин син панҷ кӯдакро ба дунё оварда будӣ, доғи фарзанд ҳам дидӣ.
Ба фикрам, ғами се додару хоҳарам як тарафу аз они ман як тараф буд. Бисёр мешуд, ки сари сандуқ либосвориҳоро гаштаву баргашта таҳ мекардию оби дида мерехтӣ. Ман аз замири дили ту огоҳ будам, оҷаи ҷон. Метарсидӣ, ки ҷиҳоз аз сандуқ берун наомада пӯсида меравад, ин якабандҳо сари мехи хонаеро обод намекунанд, қуввати миёни ҷавонмарде намегарданд...
Ва ё ин тавр набуд? Пас аз чӣ ба бисоте, ки барои арӯсиям ҷамъ оварда будӣ, ин қадар бо оби чашм менигаристӣ?
— Не, ман гиря намекунам, ҳамту... — рамзфаҳмона ашконатро тоза мекардӣ.
Оҳ, мани нодон, кадом модар ояндаи дилбандашро фикр намекунад, ташвиш намекашад? Чаро ман аз модарам боисрор талаб мекардам, ки андешаҳояшро ошкор гӯяд. Барои чӣ намеандешидам, ки барои ӯ азоб аст...
— Метарсидӣ, ки ман бахт намеёбам? Фақат росташро гӯй.
— Оҳ, ту духтари беақл, ин тавр нагӯ, — табассуми зӯракиат ҳузни чашмонатро пӯшида наметавонад, — чаро бадбахт мешудай? Ту хушбахт мешавӣ, ҷонакам, бале, хушбахт мешавӣ.
Модарҷон, ман дард мекашам, тамоми ҷонам дар азоб аст,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё