Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
— Нағз.
— Росташро гӯй, зинда аст?
Каромат ба чашмони модараш чашм дӯхт: “Тавба, чӣ қудрате доранд ин модарон!!! Худаш дар дами марг асту кӯдакашро мепурсад. Эҳ, модарҷон, ту аз куҷо донӣ, кӯдакат кайҳост, ки дар ин дунё нест. Охир бе шири ҷонфизоят вай дигар зиста натавонист”.
— Албатта. Шири буз медиҳем...
Дар лабони модар табассум шукуфт. Вай қаноатманд мижа таҳ кард. Дигар чашм накушод.
Кушандаи ӯ ҳамин Самандар буд. Як зарбаи ӯ ҷавонзани чун гул зеборо қариб бист сол азоб дода, арраи ниҳоли умраш гашт. Духтурон гуфтанд, ки пӯсиши устухон тамоми баданро заҳролуд карда будааст.
— Апа, ягон чиз гӯед – чӣ...
— Гап дар сари ман мебуд, майлаш буд-куя. Ҷабр аз сари раҳматии Фазолат гузаштааст.
— Охир вай нест-ку.
Чашмони бемор бемаъно чархак мезаданд. Агар ин дидагон нур медоштанд, медиданд, ки кампири Нусрат дар чӣ ҳол аст — миёни обу оташ афтодааст. Паймонаи Самандар пур шудагӣ барин. Одам мемурад... Русуми зиндагӣ он аст, рафтаистодаро ризоманд гуселони.
— Апа...
“Эй худои раҳмону раҳим, ин чӣ қудратест, ки ту ӯро – Самандарро пеши мани ночор ба ин ҳол оварди? Вай авф мепурсад. Магар ман ин корро карда метавонам? Гунаҳгор намешавам? Рӯҳи Фазилат намеранҷад?”
“Бемор, бемор нест, бемордор бемор аст” мегӯянд. Ба Воҳиду кӯдакон осон набуд. Инро ҷавонзан хуб мефаҳмид, занди шавҳараш мудом худро гунаҳгор медонист.
— Оҷаҷон, писаратон барои мани маъюб шуда умрашонро хазон карданд... – боре ба кампир дарди дил карда буд ӯ.
— Ин тавр нагӯед, духтарам. Шумо бо тану ҷони бедард ба ин хонадон пой гузошта будед, қисмат ҳамин будааст-дия.
— Мағз-мағзи устухонам месӯзад, ин дард маро амон намегузоштагӣ барин. Ба шумо як-ду даҳан гап дорам...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё